Подкасти “Тиҷорат ва бонкҳо”. Чӣ тавр бонкҳо бо дастгирии шарикони байналмилалӣ системаи рақамиро рушд медиҳанд

Дар нашри подкасти “Тиҷорат ва бонкҳо” мавзӯи таъсири қарорҳои рақамӣ дар дигаргунсозии соҳаи бонкдорӣ ва зиндагии соҳибкорон баррасӣ шуд.

Дар подкаст Ардашер Аминҷонов, мутахассиси бахши маркетинг ва PR дар Бонки «Арванд» ва ҳамчунин яке аз агентҳои бонк – Мижгона Муминова дар доираи мавзӯи мазкур суҳбат намуданд.

Яке аз паҳлуҳои дар подкаст баррасишуда дастгирии тағйироти рақамӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ, ба мисли маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ба тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ барои ҷавонон ва занон мебошад.

Дар подкаст меҳмонон зикр намуданд, ки бонки муосир метавонад на танҳо таъминкунандаи хизматрасониҳои молиявӣ, балки як ҷузъи муҳими экосистемаи рушд бошад, ки дар он ҳар як иштирокчӣ, хоҳ мизоҷ, хоҳ агент ва хоҳ шарики байналмилалӣ саҳми худро дар рушди муҳити соҳибкорӣ мегузорад.

Мижгона Муминова соҳибкоре мебошад, ки ба мардум бидуни ба бонк омадан, дар пардохти хизматрасониҳо, қабули пулҳои интиқолӣ ва ҳатто пардохти қарзҳо кӯмак мекунад. Ӯ аз таҷрибаи соҳибкории худ ва пайвастан ба тими агентони Бонки “Арванд” суҳбат кард.

Лоиҳаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба маблағгузории Бонки «Арванд» на танҳо дар додани қарзҳо мусоидат мекунад, балки барои вусъат додани дастрасӣ ба қарорҳои рақамӣ низ мусоидат мекунад, ки махсусан барои ҷавонон, занон ва соҳибкорони хурд аҳамияти калон дорад.

Чаро бонки мазкур намуди хизматрасони тавассути агентҳоро интихоб кард, аз он мизоҷ ва худи агент чӣ манфиат меёбад, системаи рақамӣ ба дастрасии хизматрасониҳои бонк дар маҳаллаҳои дурдаст то чӣ андоза нақш дорад, аз мавзӯҳои баррасишудаи подкасти «Тиҷорат ва бонкҳо» буданд.

Шакли садоии подкастро дар ин ҷо гӯш кунед:

Нашрҳои нави подкасти «Тиҷорат ва бонкҳо»-ро пайгирӣ намоед, то мо ба шумо боз ҳам бештар аз таърихи навгониҳо қисса кунем

Хотиррасон мекунем, ки тавассути барномаи «Машварат барои тиҷорати хурд»-и Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, шумо метавонед аз хизматрасониҳои мушовирони тиҷорат истифода баред. Рақами телефон барои муроҷиат +992487011325

Skip to toolbar