logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Зардаҷӯшӣ, дарди шикам ва бемориҳои ҷигар: кай бояд ба духтур муроҷиат кард?

Кадом нишонаҳои бемориҳои меъдаву рӯдаро набояд нодида гирифт, чӣ гуна одатҳои ғизоӣ ба саломатии мо таъсир мерасонанд ва чаро муоинаи саривақтӣ ҳатто ҳангоми набудани шикоят муҳим аст? Ба ин саволҳо табиб Ҳофиз Миров посух медиҳад.

Your.tj

17:4826.11.2026

Зардаҷӯшӣ, дарди шикам ва бемориҳои ҷигар: кай бояд ба духтур муроҷиат кард?

Зардаҷӯшӣ, дамиши шикам, эҳсоси вазнинӣ пас аз хӯрок ва дарди меъда — мушкилоте ҳастанд, ки бисёриҳо бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Аммо аксар вақт мо ин ҳолатҳоро ба ғизои нодуруст ё асабоният рабт дода, муроҷиат ба духтурро ба таъхир мегузорем.

Чӣ гуна метавон нороҳатии муваққатиро аз нишонаҳои бемориҳои ҷиддӣ фарқ кард? Оё тарзи ғизогирӣ ва одатҳои ҳаррӯзаи мо метавонанд сабаби пайдоиши бемориҳои узвҳои ҳозима шаванд?

Дар нашри навбатии видеоподкасти «Танҳо пурсиданӣ ҳастам» (Я только спросить), ки Your.tj дар ҳамкорӣ бо дармонгоҳи МЕДСИ дар Душанбе таҳия мекунад, бо Ҳофиз Миров - табиби гастроэнтеролог, гепатолог ва эндоскопист суҳбат кардем.

Дар ин барнома дар бораи таъсири ғизо ба саломатии меъдаву рӯда, хатари риояи парҳезҳои гуногун бе машварати мутахассис, сабабҳои чарбгирии ҷигар ва нақши бактерияи Helicobacter pylori дар пайдоиши захм ва саратони меъда суҳбат намудем.

Ҳамчунин, табиб ба як қатор саволҳои муҳим посух дод:

  • Кадом нишонаҳои бемориҳои меъдаву рӯдаро набояд нодида гирифт?
  • Оё гуруснагӣ ва парҳезҳои гуногун метавонанд ба саломатӣ зарар расонанд?
  • Чаро пас аз 45-солагӣ муоинаи рӯдаи ғафс муҳим аст?
  • Оё эндоскопия ва колоноскопияро бо истифода аз доруҳои хобовар (седатсия) анҷом додан мумкин аст?
  • Ирсият дар пайдоиши бемориҳои саратонии меъдаву рӯда чӣ нақш дорад?
  • Кадом тасаввуроти нодуруст дар бораи гепатити В то ҳол дар ҷомеа вуҷуд доранд?

Дар бахши алоҳидаи суҳбат Ҳофиз Миров дар бораи гепатити В, имкони назорати ин беморӣ, аҳамияти ваксинагузаронӣ, инчунин масъалаҳои издивоҷ, ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ дар шахсони гирифтори ин беморӣ маълумот дод.

Чаро пешгирии беморӣ аз табобати он осонтару камхарҷтар аст ва барои ҳифзи саломатии узвҳои ҳозима аз имрӯз чӣ кор карда метавонем?

Дар ин бора дар нашри нави подкасти «Я только спросить» маълумоти бештар гиред.

Барои тамошобинони подкаст пешниҳоди махсус дорем: бо истифода аз промокоде, ки дар дохили барнома садо медиҳад, шумо метавонед барои қабули аввалин дар дармонгоҳи МЕДСИ дар Душанбе 10% тахфиф ба даст оред.

Подкастро тамошо кунед, промокодро дарёфт намоед ва аз ин имконият истифода баред.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Вақте об масъалаи оянда мешавад. Чаро ҷавонони Тоҷикистон дар бораи обшавии пиряхҳо имрӯз бояд андеша кунанд?

1 дня назад

Барои таҳкими фарҳанги тозагӣ. Гурӯҳи ҷавонони "Chisto.Khujand" чӣ гуна шанбегӣ мегузаронанд

2 дня назад

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

10 дня назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

15 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

15 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ