Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
Your.tj
Дата публикации: 18:0520.10.2026
Ҳамсояи фач, падар, таксист ва дигар қаҳрамонҳои «Smuzi» барои ҳазорон нафар ошноянд. Наворҳои кӯтоҳе, ки моро механдонанд, аммо аксар вақт дар паси шӯхиҳояшон мушкилоти воқеии ҷомеа пинҳон аст.
Вале худи Фирӯз Карачаев дар зиндагӣ чӣ гуна инсон аст? Қаҳрамонҳояш аз куҷо пайдо мешаванд ва барои сохтани як навори ҳамагӣ 40–50-сонияӣ чӣ қадар заҳмату маблағ сарф мешавад?
Дар қисми нави подкасти «Имрӯз бо Беҳруз» бо Фирӯз дар бораи роҳи ӯ ба муваффақият, пайдоиши «Smuzi», зиндагии паси камера ва паҳлуҳои нонамоёни блогерӣ суҳбат кардем.
Оё блогерӣ дар Тоҷикистон воқеан тиҷорати сердаромад аст? Чаро баъзан мардум Фирӯзро бо қаҳрамонҳояш омехта мекунанд? Оё шӯхӣ метавонад касеро ранҷонад ва блогер барои ин масъул аст? Ва агар имрӯз ҳама чизро аз сифр оғоз мекард, боз ҳамин роҳро интихоб менамуд?
Аз футболу Медиа Лига то саволҳои ғайричашмдошти кормандони Your.tj - суҳбати пур аз шӯхӣ, лаҳзаҳои ҷолиб ва ҷавобҳои самимӣ.
Фирӯзи воқеиро дар қисми нави «Имрӯз бо Беҳруз» беҳтар шиносед!
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
1 часов назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
22 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад