Писар падарашро ду рӯз бо банду “скоч” баста нигоҳ доштааст

Дар шаҳри Бӯстон як марди 52-сола бо гумони ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани падари 79-солааш боздошт шудааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ҳодиса дар пайи муноқиша миёни падару писар рух додааст. Гуфта мешавад, гумонбар дасту пой ва даҳони падарашро бо банд ва “скоч” баста, ӯро аз 21-ум то 23-юми феврали соли 2026 дар як ҳуҷраи хонааш нигоҳ доштааст. Сабаби нофаҳмӣ ва ҷанҷол миёни онҳо шарҳ дода нашудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, мард падарашро “бо усули барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аз озодӣ маҳрум кардааст”.

Назари худи гумонбар ва ҳам падари ӯ дар робита ба ин қазия дастрас нест.

Вазорати корҳои дохилӣ алайҳи марди 52-сола бо гумони содир кардани ҷиноят тибқи моддаи 131, қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ (“ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан”) парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст. Ин модда аз 3 то 5 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Skip to toolbar