logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Пиряхҳо – ҷузъи асосии экосистема. Чаро ҳифзи онҳо муҳим аст

Дар ду даҳсолаи охир ба таври бесобиқа боло рафтани ҳарорати миёнаи сайёра ба проблемаи ҳифзи пиряхҳо таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.

Your tj

15:1725.04.2025

Пиряхҳо – ҷузъи асосии экосистема. Чаро ҳифзи онҳо муҳим аст

Пирях аз манбаъҳои асосии захираҳои обӣ дар шакли ях дониста мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳсор, ба монанди Тоҷикистон он манбаи асосии оби нӯшокӣ, кишварзӣ ва гидроэнергетика ба ҳисоб меравад.

Пирях ҷузъи асосии экосистема мебошад ва дар худ микроэкосистемаҳоро ташкил медиҳад, ки ба минтақа ва ҳудуди ҷойгиршавӣ таъсири бузург мерасонад.

Дар нашри аввали подкасти “Моҳи ҳифзи пиряхҳо” бо Назирзода Камолиддин – муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ ва Саидзода Сухбатулло – директори МД Маркази илмию тадқиқоти ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ дар мавзуи “Пиряхҳо – аҳамият, таҳдиди обшавӣ ва чораҳои ҳифзи онҳо” суҳбат кардем.

Суҳбатулло Саидзода гуфт, дар ду даҳсолаи охир ба таври бесобиқа боло рафтани ҳарорати миёнаи сайёра аз он шаҳодат медиҳад, ки тағйирёбии иқлим ба проблемаи ҳифзи пиряхҳо ниҳоят таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.

“Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки боришот номунтазам мешавад, пиряхҳо як захираи боэътимоди обро ташкил медиҳанд. Пиряхҳо барои рушди устувори минтақа ҳалкунанда ва ҳаётӣ мебошанд. Мисол гирем, Амударё ва Сирдарё, ки Тоҷикистон дар болооби онҳо қарор дорад, аҳамияти ниҳот муҳим доранд”,- афзуд ӯ.

Камолиддин Назирзода, ҳамсуҳбати дигари мо гуфт, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар 30 соли охир пиряхҳо дар ҳудуди Тоҷикистон рӯ ба таназзул овардаанд.

“Яке аз мисолҳои равшан пиряхи Зарафшон мебошад, ки дарёи Зарафшон аз он сарчашма мегирад. Агар пештар ин дарё то Баҳри Арал ҷорӣ мешуд, ҳоло бо сабаби тағйирёбии иқлим, истифодаи он дар соҳаи кишварзӣ ва саноат ва аз байн рафтани қисми зиёди пирях оби Зарафшон то баҳр намерасад”,- шарҳ дод ин мутахассис.

Шакли пурраи подкастро дар ин ҷо тамошо кунед:

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

1 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

1 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

2 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

4 дня назад

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

8 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ