Пирӯзии аввали Миҷгона Самадова дар Қаҳрамонии ҷаҳон

Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг дар аввалин рақобат дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс пирӯзӣ ба даст овард. Ӯ дар даври аввал бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 Палома Диана Перес аз Мексикаро шикаст дод.

Муштзанбонуи дигар, Нилуфар Бобоёрова (63 кг), дар даври аввал бо ҳисоби 5:0 аз намояндаи Литва, Сорокина Екатерина, шикаст хӯрд.

Шоира Зулқайнарова (60 кг) дар даври аввал бинобар ҳозир нашудани рақибаш, Петер аз Африқои Ҷанубӣ, ба даври дуюм баромад ва имрӯз бо Озер Гизем аз Туркия нерӯсанҷӣ мекунад.

14-умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон дар шаҳри Ниши Сербия 8 март оғоз ёфта, то 16 март идома мекунад. Дар мусобиқа 239 муштзан аз 51 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд.

Муштзанҳои Тоҷикистонро дар ин мусобиқа мураббиён Рустам Музаффаров ва Комил Лашкаров роҳнамоӣ мекунанд ва довари байналмилалӣ Мансур Муҳиддинов низ дар мусобиқа кор мекунад.

Мусобиқаи бокс дар 12 вазн баргузор шуда, ҷоизаҳои пулӣ барои барандагони медалҳо чунин аст:

  • Медали тилло: 100,000 доллар
  • Медали нуқра: 50,000 доллар
  • Медали биринҷӣ: 25,000 доллар

Ҳамчунин, варзишгарони марҳилаи чаҳорякниҳоӣ, ки ба ин давр мерасанд, ҳар кадом 10,000 доллар ҷоиза мегиранд.

Skip to toolbar