Дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии соли 2024 ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон, чанде аз ноҳияву минтақаҳои кишвар аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Аз ҷумла, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), ноҳияҳои минтақаи Рашт ва якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нақшаи даъвати ҳарбиро сад дар сад иҷро кардаанд.
ВМКБ имсол низ дар рӯзи аввали даъвати ҳарбӣ нақшаро 100% иҷро кард, хабар додааст ҳукумати ин вилоят.
Гуфта мешавад, 6 сол инҷониб ВМКБ дар рӯзи нахустини маъракаи даъвати ҳарбӣ нахустин шуда нақшаро пурра иҷро мекунад.
Ба иттилои “Азия-Плюс”, инчунин, шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт низ дар рӯзи нахустини даъват аз иҷрои нақша хабар додаанд.
Ҳамин тариқ, ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт нақшаи даъватро дар рӯзи аввал 100% иҷро кардаанд.
Ҳамчунин, аз ҳукумати вилояти Хатлон ҳам ба “Азия-Плюс” хабар додаанд, ки шаҳру ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Ҷайҳун, Бохтар, Левакант ва Норак ҳам дар рӯзи аввали маъракаи даъват нақшаро пурра иҷро кардаанд.
Як манбаъ аз ҳукумати вилоят гуфтааст, ки нақшаи даъвати ҳарбӣ дар ҳудуди вилоят пагоҳ, 2-юми октябр 100% иҷро мешавад.
Даъвати ҳарбии тирамоҳӣ дар Тоҷикистон аз 1-уми октябр оғоз гардида, то охири моҳи ноябр давом мекунад. Тибқи фармони президент имсол ҷавонони соли таваллудашон 1997-2006 ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.