Дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз 27 март пешниҳод гардид, ки барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва пардохт накардани маблағи он ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони 2024-2025 изҳори нигаронӣ кард, менависад хадамоти матбуоти роҳбари давлат.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷаласаи ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас дод, то камбудиҳои ҷиддии мавҷударо рафъ намуда, аз такрори чунин вазъият пешгирӣ кунанд.

“Таъкид гардид, ки барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва напардохтани маблағи он ҳатто ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардад”,- омадааст дар хабари хадамоти матбуоти президент.
Дар Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли гузашта маҳдудият ё “лимит”-и интиқоли нерӯи барқ расман ҷорӣ шуд. Ин реҷа ҳар сол ҷорӣ карда мешавад ва сабаби онро масъулин ба кам шудани оби обанбори Норак, боришот, афзоиши талаботи аҳолӣ ба нерӯи барқ ва тағйирёбии иқлим рабт медиҳанд.
Шуруъ аз 1-уми апрел дар кишвар нархи истифодаи тарифҳои нерӯи барқ гарон мешавад.
Тибқи он нархи истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ 35,36 дирам барои як киловат муқаррар шудааст. Барои корхонаҳо бошад ҳар киловат 80,90 дирам хоҳад буд.
Ҳоло арзиши як киловат истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ 30,75 дирам ва барои корхонаҳо 70,35 дирам аст.
Пеш аз ин дар кишвар моҳи январи соли 2024 нархи истифодаи нерӯи барқ гарон шуда буд.