Муҳочирон дар сохтмон дар шаҳри Москва

Пешниҳоди Путин барои сода кардани кору зиндагии хориҷиҳо дар Русия

Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғд ва Ботканд

Дар гузаргоҳи сарҳадии “Қизил-Бел”-и Қирғизистон дирӯз, 22-юми март, гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғд ва Ботканд мулоқот барпо карданд. Дар он роҳбарони вилоятҳо – Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдукарим Алимбоев иштирок доштанд.

Акс аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар мулоқот роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарҳадот, раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ботканд ва Лейлек низ ширкат варзиданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини зиндагии орому осудаи мардуми наздимарзӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳифзи субот дар марзро муҳокима намуданд. Ба раисони шаҳру ноҳияҳои ҳаммарз супориш доданд, ки дар байни мардум бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ намоянд.

“Мардуми наздимарзӣ ба ҳар гуна хабарҳои носанҷида ва иғвоангез бояд дода нашаванд ва одоби неки ҳамсоядориро риоя намоянд”,- таъкид гардидааст дар мулоқот.

Зимни мулоқот итттилоъ дода шудааст, ки “бо супориши сарони ду кишвар фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба делемитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои муайян намудани хатти сарҳад натиҷаҳои хуб ба даст омада истодааст”.

Гуфта мешавад, дар мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғду Ботканд масъалаи истифодаи обу замин низ баррасӣ шудааст, аммо дақиқ нест, ки мушаххасан дар ин замина чӣ гуфтугӯ сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки баъди даргириҳои навбатӣ Қирғизистон аз 21 майи соли 2021 якҷониба сарҳади худро бо Тоҷикистон баст.

Охирин муноқишаи бузург миёнаҳои моҳи сентябри соли гузашта дар марзи миёни ҷонибҳо рух дод, ки дар он беш аз 100 нафар аз ҳар ду ҷониб кушта шуданд.

Се деҳаи Кӯҳистони Мастчоҳ аз заминларза зарар дидаанд

Дар пайи заминларзаи ахир, ки шаби гузашта, соати 01:07 дақиқа рух дод, се деҳаи Кӯҳистони Мастчоҳ зарар дидаанд.

Оқибатҳои харобиовари заминларза дар Тоҷикистон. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ба иттилои КҲФ “асосан иншооти ёрирасон, яъне оғилу говхонаҳо осеб дидаанд”. Гуфта мешавад, онҳо бидуни риояи қоидаҳои бехатарӣ сохта шудаанд.

Аз ин ниҳод таъкид карданд, ки биноҳои истиқоматӣ тахриб наёфтаанд. Танҳо дар деворҳои онҳо тарқишҳо мушоҳида мешаванд.

“Ҳоло комиссия оид ба муайян кардани хисорот дар ҷойи ҳодиса кор мекунад”, – қайд карданд дар КҲФ.

Қаблан хабар дода будем, ки сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар макони аз офати табиӣ зарардида қарор дорад. Бояд гуфт, ки ӯ бо дастури Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳисоб кардани хисороти аз заминларза расида таъйин гардидааст.

Пешниҳоди Путин барои сода кардани кору зиндагии хориҷиҳо дар Русия

Президенти Русия пешниҳод кардааст, ки барои хориҷиҳо гирифтани шаҳрвандӣ ва иҷозаи кору зиндагӣ “содда ва рақамӣ карда шаванд, то барои ҳама фаҳмо бошад”.

Акс аз интернет

Владимир Путин дар ин бора ҳафтаи ҷорӣ дар ҷаласи васеи Вазорати корҳои дохилии Русия ибрози назар кард.

Вай хостааст, мақомот назоратро ба раванди муҳоҷират пурзӯр карда, то 1-уми июл пешниҳодҳоро ироа кунанд.

Дар ин ҷаласа Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилӣ, гуфт, дар як соли гузашта дар манзилу ҷойи кории муҳоҷирон, сохтмонҳо, марказҳои савдо ва хидматрасонӣ наздик ба 300 ҳазор “рейд” гузаронидаанд.

Дар натиҷа, ба гуфтаи ӯ, теъдоди зиёди муҳоҷирони ҳузурашон ғайриқонунӣ муайян шуд ва ихроҷи чунин муҳоҷирон дуним дарсад афзуд.

Аз ҷумла, дар ин давра 11 дарсад сабтиноми қалбакии шаҳрвандон ва 17 дарсад муҳоҷирати ғайриқонунӣ сабт шудааст. Колоколтсев афзуд, назорати риояи қонунҳои муҳоҷират ва санҷишҳоро идома хоҳанд.

Skip to toolbar