logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Пешниҳоди барканории Юсуф Раҳмон ва Шермуҳаммад Шоҳиён аз ҷониби Маҷлиси миллӣ қабул шуд

Инчунин, пешниҳоди таъйин намудани Рустам Мирзозода ба мансаби раиси Суди Олӣ ва Ҳабибулло Воҳидзода ба вазифаи прокурори генералӣ қабул гардид.

Your tj

15:2803.02.2025

Пешниҳоди барканории Юсуф Раҳмон ва Шермуҳаммад Шоҳиён аз ҷониби Маҷлиси миллӣ қабул шуд

Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди барканор кардани Юсуф Раҳмон аз мансаби прокурори гереналӣ ва бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз вазифаи раиси Суди Олӣ пазируфт.

Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, даъвати шашум имрӯз, 3-юми феврал таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ баргузор гардид.

Дар ин иҷлосия инчунин, пешниҳоди президент оид ба таъйин намудани Рустам Мирзозода ба мансаби раиси Суди Олӣ ва Ҳабибулло Воҳидзода ба вазифаи прокурори генералӣ қабул гардид.

Ба навиштаи сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, дар иҷлосия 44 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон моҳи январ фармони барканории Юсуф Раҳмон ва Шермуҳаммад Шоҳиёнро имзо карда, барои ризоият ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ирсол  намуд.

Юсуф Раҳмон пас аз даҳ соли соҳибӣ ба курсии прокурори генералӣ ҳанӯз маълум нест, ки чӣ вазифаи наве мегирад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

22 часов назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

22 часов назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

2 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

4 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

4 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ