Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:1614.01.2025
Парвози нахустини хатсайри Душанбе–Панҷакент ба рӯзи 16-уми январ мавқуф гузошта шуд. Ин парвоз, ки бояд имрӯз, 14-уми январ, соати 9:00 аз ҷониби ширкати “Тоҷик-Эйр” анҷом мешуд, бинобар шароити номусоиди обу ҳаво дар масири парвоз ба таъхир афтод.
Ба иттилои намояндагони “Тоҷик-Эйр”, сарфи назар аз обу ҳавои мусоид дар шаҳрҳои Душанбе ва Панҷакент, дар масири парвоз шароити обу ҳаво барои анҷоми бехатарии парвоз мувофиқ набудааст.
“Барои таъмини амнияти мусофирон, қарор шуд, ки парвоз ба рӯзи дигар гузошта шавад,” – иттилоъ доданд аз ширкат ба “Азия-Плюс”.
Ширкат таъкид кардааст, ки теъдоди мусофирон барои ин хатсайр кофӣ буда, мушкиле бо пур шудани рейс ба миён наомадааст.
Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ҳафтаи гузашта оғози парвозҳо дар хатсайрҳои нави Душанбе-Кӯлоб-Душанбе ва Душанбе-Панҷакент-Душанберо эълон кард.
Ба иттилои ширкат, парвозҳо дар ин самтҳо ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе бо ҳавопаймои АН-28 сурат мегирад.
315 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
7 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
3 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад