Парвози Душанбе–Машҳад бинобар набудани иҷозаи убур аз ҳарими ҳавоии Туркманистон бекор шуд

Парвози ҳавопаймоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Машҳад, ки қарор буд 24 апрел барқарор шавад, лағв гардид.

Тибқи нақша, ҳавопаймои ширкати Вориш бояд аз Машҳад парвоз карда, нисфирӯзӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд меомад ва баъдан соати 14:30 ба самти Машҳад бармегашт.

Ба иттилои Азия-Плюс, сабаби бекор шудани парвоз набудани иҷозаи убури ҳавопаймо аз ҳарими ҳавоии Туркманистон будааст. Ин маълумотро ширкати ҳавопаймоӣ ба расонаҳо тасдиқ кардааст. Ҳамчунин, дар ҷадвали расмии парвозҳои фурудгоҳи Душанбе низ лағви хатсайри Машҳад–Душанбе ва баръакс барои ҳамин рӯз нишон дода шудааст.

Дар ширкати «Вориш» изҳор доштаанд, ки пас аз дарёфти иҷозати истифодаи ҳарими ҳавоии Туркманистон парвозҳо эҳтимолан рӯзи сешанбе ё ҷумъаи ҳафтаи оянда аз сар гирифта мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон аз 28 феврал пас аз шиддат гирифтани вазъ дар минтақа муваққатан қатъ гардида буданд.

Skip to toolbar