fbpx

Парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Хоруғ барқарор шуданд

Гуфта мешавад, парвози аввалин рӯзи душанбе, 30 сентябр ба нақша гирифта шуда, фурӯши чиптаҳо аз имрӯз бо нархи 900 сомонӣ оғоз гардидааст.


-1
-1 points
Парвози ҳавопаймо ба ВМКБ
Акс аз бойгонии МИҲД-и ВМКБ

Дар Тоҷикистон парвозҳо дар масири Душанбе-Хоруғ пас аз танаффус аз сар гирифта мешаванд.

Дар ин бора “Азия-Плюс” бо такя ба иттилои раиси “Тоҷик Эйр” Парвиз Шодмонзода хабар медиҳад. Гуфта мешавад, парвози аввалин рӯзи душанбе, 30 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Ба гуфтаи Шодмонзода, фурӯши чиптаҳо аз имрӯз бо нархи 900 сомонӣ оғоз шудааст.

Онҳоро аз нуқтаҳои чиптафурӯши “Тоҷик Эйр” дар бинои асосии ширкат (кӯчаи Мирзо Мастонгулов, 32/1) харидан мумкин аст.

“Парвоз бо ҳавопаймои АН-28, ки дар он 17 нафар ҷой мегирад, анҷом дода мешавад. Парвозҳо ҳафтае се маротиба: душанбе, чоршанбе ва шанбе сурат мегиранд”,- гуфт раиси “Тоҷик Эйр”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳавопаймо аз Душанбе соати 8:00 парвоз хоҳад кард, вақти парвоз 1 соату 10 дақиқаро ташкил хоҳад дод. Парвози бозгашт аз Хоруғ соати 10:00 хоҳад буд.

“Тоҷик Эйр” таъкид кард, ки парвозҳо дар ин масир аз шароити обу ҳаво вобаста хоҳад буд.

“Агар вазъи ҳаво бад бошад, парвоз низ сурат намегирад ва “Тоҷик Эйр” мусофиронро дар бораи вазъ пешакӣ огоҳ мекунад”,- гуфт роҳбари ширкат.

Вай ҳамчунин гуфт, ки чанде пеш дар Душанбе парвози озмоишии ҳавопаймои АН-28 пас аз таъмир сурат гирифт.

Аз моҳи октябри соли 2017, вақте ки охирин ҳавопаймои АН-28 аз кор баромад, байни Душанбе ва Хоруғ алоқаи мунтазами ҳавоӣ вуҷуд надорад. Пойтахтро бо ВМКБ роҳи автомобилгард мепайвандад.

Ёдовар мешавем, ки 28 феврали соли 2023 низ ҳукумати ВМКБ аз парвоҳи санҷишӣ дар фурудгоҳи Хоруғ ва барқароршавии парвозҳо дар масири Душанбе-Хоруғ хабар дода буд.

Он бояд бо ҳавопаймои L410 NG, истеҳсоли давлати Чехия бо ғунҷоиши 19 мусофир сурат мегирифт.

Дар бораи нарх ва ҷадвали парвозҳои ҳавопаймо маълумоте набуд, аммо гуфта мешуд, акнун сокинон ва сайёҳон “метавонанд тавассути он дар самти Душанбе – Хоруғ – Душанбе парвоз анҷом диҳанд”.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend