fbpx

Парвандаи Ҳувайдо, ки 3 сол пеш дар Русия кушта шуда буд, ба муҳлати се моҳ мавқуф гузошта шуд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0

Тоҷикистон дубора ваксинаи AstraZeneca меорад

Интизор меравад, дар нимаи дуюми моҳи август бастаи навбатии ваксинаи «AstraZeneca» (192 ҳазор воя) ба Тоҷикистон оварда шавад.

Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, як масъули Вазорати тандурустӣ, ба хабаргузории «Ховар» иттилоъ додааст. Наврӯз Ҷаъфаров афзудааст, ҳоло маъракаи эмгузаронӣ идома дошта, беш аз 300 ҳазор нафар ба зидди бемории COVID-19 ваксина гирифтанд, ки беш аз 97 ҳазори онҳоро сокинони Душанбе ташкил медиҳанд.

Ҳафтаи гузашта Тоҷикистон аз Амрико барои дарёфти ваксинаҳои Pfizer ва Moderna ёрӣ хоста буд. То имрӯз кишвар аз ягон давлат ваксинаи зидди COVID-19 нахаридааст.

492 ҳазор воя ваксинаҳое, ки Тоҷикистон аз Ҳиндустону Чин ворид кард, ройгон мебошанд.

Баррасии парвандаи Ҳувайдо боз мавқуф гузошта шуд. Мурофиа баъди се моҳ доир мегардад

Рӯзи 5 июл дар Русия мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи куштори духтарчаи 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода баргузор шуд. Лекин дар мурофиа эълон карданд, ки баррасии парванда боз ба се моҳи дигар мавқуф гузошта шуд. Мурофиа нимаи дуюми дирӯз дар суди вилояти Маскав оғоз гардид, хабар додааст Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо.

Абдусалом Саидов изҳор намудааст, ки аз мурофиаҳои судӣ хаста шуда, лекин то охир мубориза хоҳад бурд. “То замони айбдор дониста шудани гумонбаршуда дар қатли духтарам ба ватан барнамегардам. Ман ин ҷо бояд то суди охирин бошам, сипас назди оилаам бармегардам”, – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ бар ин назар аст, ки пас аз се моҳ мурофиаи судии охирин баргузор гардида, гумонбаршуда маҳкум мешавад. Мурофиаи пешин ҳам ба вақти дигар гузаронида шуда буд 22 июн баррасии парванда ба 5 июл мавқуф гузошта шуд.

Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.

Ҳушдори Оҷонсии обуҳаво: Дар Тоҷикистон ҳаво то 48 дараҷа гарм мешавад

Ҳавои Тоҷикистон то 48 дараҷа тафсон хоҳад шуд, хабар медиҳад Оҷонсии ҳавошиносӣ. Оҷонси мегӯяд, бинобар тафсон шудани дамои ҳаво дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии Ноҳияҳои тобеи марказ ва ҳамчунин дар ғарби ВМКБ селҳои пиряхӣ мефарояд

Ба иттилои манбаъ, аз 7 то 9 июл ба ҷумҳурӣ аз минтақаҳои ҷанубу ғарб ҳавои хушку гарм ворид мешавад, ки дамои ҳаворо якбора тафсон мегардонад.

Дар ин муддат гармии ҳаво дар минтақаҳои водибуда, то 39+40 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ҳамчунин дар ноҳияҳои ҷанубӣ ҳаво аз 45 то 48 дараҷа тафсон мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад 32+37 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар моҳи май ба Тоҷикистон камтар кумак кардаанд

Дастрас кардани ёриҳои башардӯстона ба Тоҷикистон дар моҳи охири баҳори имсол камтар шудааст. Бино ба ҳисоби Кумитаи омор, дар моҳи май Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ба маблағи тақрибан 5 миллиону 600 ҳазор доллар ёрӣ гирифтааст.

Ин рақам нисбат ба як сол пеш якуним миллион доллар камтар аст. Дар умум, Тоҷикистон аз аввали имсол ба маблағи беш аз 25 миллион доллар кумаки башардӯстона гирифтааст, ки аз ҷониби 48 кишвари ҷаҳон ва ба миқдори зиёда аз 7 ҳазор тонна интиқол ёфтааст. Ёриҳои аз ҳама бештарро Чину Русия ва Ҳиндустону Амрико расондаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend