logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

“Парвандаи Мадина”. Парвиз Давлатовро ба 8 соли зиндон маҳкум карданд

Баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Азиза Давлятова, ҳамсари Парвиз идома дорад.

Your tj

18:2514.12.2021

“Парвандаи Мадина”. Парвиз Давлатовро ба 8 соли зиндон маҳкум карданд

Парвиз Давлатов мувофиқи се моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуд ва ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум гашт. Аммо мувофиқи қонуни авф ӯ 5,5 солро дар зиндон сипарӣ хоҳад кард, хабар доданд ба Your.tj як манбаи наздик ба рафти мурофиаи судӣ. 

Ҳукм имрӯз дар зиндони тафтишотӣ (СИЗО), ки мурофиаи судӣ он ҷо баргузор гардид, эълон шуд.

Ёдовар мешавем, ки Азиза ва Парвиз рӯзи 31 октябр боздошт шуда буданд. Азиза Давлатова тибқи моддаи 32, қисми 3 ва 104, қисми 1 (суиқасд ба куштор) гунаҳкор дониста мешавад.

Парвиз Давлатов аз рӯи се модаи КҶ ҶТ – 117 қисми 2, банди “в” (азобу уқубати шахси дар ҳолати нотавонӣ қарор дошта), 109 (ба худкушӣ расонидан) ва 170 (дузанагӣ) маҳкум шуд. Парвизро аз рӯи ду модда бар асоси шаҳодати ҳамсараш Азиза Давлатова  гунаҳкор донистанд. Сухан дар бораи фишори маънавӣ ва озори ҷинсии ҳамсари якум Азиза меравад.

Дар рафти тафтишот маълум шудааст, ки Давлатов чанд сол инҷониб зани якумашро мавриди озори маънавӣ ва ҷисмонӣ карор додааст. Бар асари фишори доимии равонӣ Азиза Давлатова ду маротиба қасди худкушӣ кардааст.

Азиза Давлатова дар суиқасд ба ҷони ҳамсари дуюми Парвиз Мадина Мамадҷонова муттаҳам мешавад. Мадина Мамадҷонова пас аз буғии Азиза Давлатова ба далели халалдор шудани фаъолияти ҳарду нимкураи мағзи сар зиёда аз се моҳ аст, ки дар ҳолати вегетативӣ, яъне беҳушӣ қарор дорад.

Парвиз ва Мадина пас аз паҳн шудани вазъи Мадина дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шуданд. Бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод шудани Азиза Давлятова  сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.

Фаъолони ҷомеа ба раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо дархости таъсир расонидан ба ин қазияи ҷиноӣ муроҷиат карданд.

Ба далели ин ҳодиса муовини аввали додситони ноҳияи Сино Сӯҳроб Салимзода, ки фармони афви гумонбарро имзо карда буд ва сардори ОМВД Сино-2 Зафар Исмоилзода аз вазифа озод карда шуданд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

3 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

6 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

6 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

7 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

9 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ