fbpx

Парвандаи ҷиноӣ нисбати ноболиғе, ки барои қасоси хоҳараш шавҳари собиқи ӯро куштааст

Ноболиғ баъди дидани ҷасади хунолуди хоҳараш, ки дар рӯйи фарш мехобид, ба ғазаб омада, бо корд ба шавҳари хоҳараш ҳам кардааст.


0
Куштор дар Тоҷикистон
Акси марбута аз интернет

Прокуратураи ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон алайҳи ноболиғи 17-солае, ки дар куштори шавҳари хоҳараш гумонбар дониста мешавад, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар ин бора дар барномаи “Пайки Суғд”-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳодиса 6-уми апрели соли ҷорӣ дар ҷамоати Сайф Раҳимзоди ноҳияи Балҷувон рух додааст. Ҷавон ҷасади хунолудаи хоҳарашро дар рӯи фарш дида, ба язнааш, ки ҳамсари собиқашро бо корд захмӣ кардааст, ҳамла менамояд.

“Абдулфайз Хоҷаеви 39-сола, сокини ноҳияи Восеъ барои оштӣ ба хонаи волидони ҳамсараш, ки қаблан аз ҳам ҷудо шуда буданд, меояд. Аз ҳамсараш ҷавоби рад мешунавад ва байни зану шавҳар ҷанҷол ба амал меояд. Мард ба зан бо корд чанд зарба мезанад.

Бародари 17-солаи зан, ки дар хона буд, ҳодисаро дида, кордро ба даст гирифта, ба язнааш якчанд зарба мезанад ва ҷойи ҳодисаро тарк мекунад”,- омадааст дар хабар.

Тавре ки дар гузориш омадааст, зану шавҳар дар роҳ ба беморхона бар асари захмҳои корд ба ҳалокат расиданд.

Нисбати ҷавони 17-сола бар асоси моддаи 104 қисми 1 (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба ӯ аз ҳашт то понздаҳ соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбати як ноболиғи дигар хабар медиҳад. Сокини 17-солаи шаҳри Норак ба захмӣ кардани ду ноболиғ бо корд гумонбар дониста мешавад.

Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, гумонбаршуда шаби 21-уми апрел бо ду ҳамсолаш муноқиша кардааст. Дар ҷараёни муноқиша ӯ ба ноболиғон бо корд чанд зарба задааст. Дар натиҷа онҳо ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Тафтиши ин ҳодиса идома дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend