Парвандаи гумонбарони ҳамлаи террористӣ ба “Крокус” моҳи июн ба суд ирсол мешавад

Парвандаи чор нафаре, ки дар ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Холл”-и вилояти Москва айбдор мешаванд, моҳи июн барои баррасӣ ба суд фиристода мешавад, менависанд расонаҳои Русия.

Гуфта мешавад, ки ин парвандаро Суди ҳарбии Округи дуввуми ғарбии Русия баррасӣ хоҳад кард.

Ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Холл” рӯзи 22 марти соли 2024 рух дода, бар асоси иттилои расмӣ, дар натиҷа на камтар аз 145 нафар ҷон бохта, 695 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Мақомоти Русия чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро дар ин ҳамла муттаҳамони асосӣ мешуморанд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи террористии “Вилояти Хуросон”*, бахши ДОИШ, бар дӯш гирифт.

Пас аз ин ҳамла, сиёсати муҳоҷират дар Русия шадидтар карда шуд ва мавҷи эҳсосоти зидди муҳоҷирон дар ҷомеаи ин кишвар авҷ гирифт.

Созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон Human Rights Watch хабар додааст, ки муҳоҷирон дар Русия баъди ҳамла бо афзоиши нафрат, зӯроварӣ ва таъқибҳои бегонаситезӣ (ксенофобия) рӯбарӯ шудаанд.

*Ин созмон дар Тоҷикистон ҳамчун террористӣ шинохта ва мамнӯъ эълон шудааст.

Skip to toolbar