Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:1821.11.2024
Сухан дар бораи Исроил бо ду писараш - Аминҷон ва Диловар Исломовҳо ва Алишер Қосимов меравад, ки қаблан бо гумони амали террористӣ дастгир шуда буданд.
Хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, ки парвандаи ин чор гумонбар ба “ҳамдастӣ дар амали террористӣ иваз карда шудааст”.
Инчунин суд муҳлати ҳабси онҳоро се моҳи дигар – то 22-юми феврали соли 2025 дароз кард.
Мақомоти Русия Исроил Исломов ва ду писари ӯ - Диловар ва Аминҷон Исломовҳоро ба он айбдор мекунанд, ки ба гумонбарони асосии ҳамла автомашинаи Renault-ро фурӯхтаанд, ки дар рӯзи содир шудани ҳодиса гумонбарони асоси бо он равуо доштаанд. Ҳамчунин онҳо ба огаҳӣ аз амали террористӣ айбдор мешаванд.
Гумонбари дигар Алишер Қосимов ба иҷора додани манзил ба гумонбарони асосии ҳамла айбдор мешавад.
Суди ноҳияи Басманнийи Москва рӯзи 19-уми ноябр муҳлати ҳабси чор гумонбари асосии ҳамла ба “Крокус” - Далердҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Муҳаммадсобир Файзов, ва Фаридуни Шамсидинро то 22-юми феврал дароз кард.
Ин аллакай бори сеюм аст, ки муҳлати ҳабси гумонбарони ҳодисаи “Крокус” дароз карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Ҳолл”-и Москва 22-юми марти соли 2024 рух дод, ки дар натиҷа 145 нафар ба ҳалока расида, беш за 550 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тибқи иттилои Хадамоти федеролии амнияти Русия дар пайванд ба ин парванда 20 нафар боздошт шудааст.
Читайте также
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
2 часов назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
2 часов назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
1 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
3 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
7 дня назад