Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон қонуни буҷет барои соли 2025-ро тасдиқ кард.
Дар ин бора сомонаи парлумон 4-уми декабр хабар дод.
Даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот 49,6 млрд. сомонӣ муайян шудааст, ки назар ба соли гузашта, 15,4 дарсад ё 6,6 млрд. сомонӣ зиёд аст.
Гуфта мешавад, ки буҷет барои соли 2025 бо назардошти пешбинии ММД (Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) дар ҳаҷми 166,2 млрд. сомонӣ муайян шудааст. Суръати “рушди воқеӣ” дар соли оянда 8,4 дарсад пешгӯӣ мешавад.
Қисми хароҷоти буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 51,6 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 7,5 млрд. сомонӣ нисбат ба соли гузашта зиёд аст.
Мувофиқи Қонуни буҷети тасдиқшуда 23,9 миллиард сомонии он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона шудааст.
Тибқи иттилои парлумон дар моддаи 23 лоиҳаи Қонуни буҷет мутобиқи талаботи Қонуни “Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо” бо назардошти сатҳи беқурбшавии соли навбатии молиявӣ, меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба маблағи 75 сомонӣ муқаррар карда шудааст.