Вазорати хориҷаи Тоҷикистон: шаҳрвандони мо метавонанд аз роҳҳои заминии Қазоқистон ба Русия бираванд
Бекор шудани маҳдудиятҳои роҳҳои замини миёни Қазоқистон ва ҳамсояҳояш ба шаҳрвандони Тоҷикистон низ имкон медиҳад, ки тавассути Қазоқистон ба кишварҳои ҳамсояааш – Русия ва Ӯзбекистон бираванд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хорҷиии Тоҷикистон ба “Азия – Плюс” хабар доданд.
Хадамоти матбуоти ҳукумати Қазоқистон хабар дод, ки аз 11 апрели соли равон ин кишвар маҳдудиятҳои убури сарҳади заминиро бо Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бекор мекунад.
Дар изҳороти ҳукумати Қазоқистон омадааст, ки “бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ, тасмим гирифта шуд, ки аз 11 апрели соли ҷорӣ барои шаҳрвандони Қазоқистон, шахсони бешаҳрвандӣ ва хориҷиён маҳдудиятҳои гузаштани сарҳади Қазоқистон дар гузаргоҳҳои заминӣ бо Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бекор карда шаванд”.
Ҳамчунин маҳдудиятҳои гузаштани сарҳади давлатии Қазоқистон тариқи роҳи ҳавоӣ аз байн бардошта мешаванд.
Ҳабси абади як марди тоҷик барои куштани ҳамсару хусураш дар Русия
Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо гуноҳи қатли ҳамсар ва падарарӯсаш ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. Ҳукми Шоҳназар Шосафаров охири соли 2021 дар шаҳри Перм эълон шудааст. Натиҷаи онро Додситонии кулли Тоҷикистон 13-уми апрели имсол расонаӣ кард.
Ҷасади Ҳоҷиқурбон Расулов, зодаи ноҳияи Рашт ва духтараш Шабнам Шосафароваро моҳи феврали соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон оварданд.
Мақомоти Русия гуфтанд, Шабнам Шосафарова ҳомила буд. Ба иттилои онҳо, Шоҳназар Шосафаров дар анбори падари ҳамсараш ҳаммолӣ карда, аз ӯ қарздор буд ва майпарастӣ мекард. Дар ин замина байни онҳо муддати дароз ҷанҷол будааст.
Шосафаров дар ҷараёни тафтишот ба гуноҳи худ иқрор шуда, вале гуфтааст, муноқиашаи оилавӣ бар сари он сар зад, ки ҳамсараш мехост исқоти ҳамл карда, аз ӯ ҷудо шавад.
Тамом, муҳоҷирони тоҷик аз Русия нафақа мегиранд. Порлумон шартномаро тасвиб кард
Баъди талошҳои зиёд парлумони шартнома миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди нафақаи муҳоҷиронро ба тасвиб расонид. Ин тарҳ яке аз тарҳҳои пурсарусадои солҳои ахири Тоҷикистон дар баҳси муҳоҷирон бо Русия буд. Дар ин бора хабарнигори “Азия-Плюс” аз порлумон хабар медиҳад.
Ҳоло интизор меравад, ки аз ин ба баъд муҳоҷирони кории тоҷике, дар Русия кор мекунанду суғуртаи иҷтимоӣ мекунанд, аз ин кишвар нафақа мегиранд.
Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки имрӯз дар ҳузури вакилон ин шартномаро муаррифӣ мекард гуфт, ки ин шартнома соли 2014-15 аз ҷониби Русия омода шуда буд ва тӯли ин солҳо дар ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон баррасӣ шуд ва ниҳоят қабул шуд.
“Дар ин давра 7 маротиба гуфтушуниди байни масъулини Тоҷикистон ва Русия баргузор шуда буд, ки ниҳоят моҳи марти соли гузашта ба ин масъала нуқта гузашта шуд”,-гуфт Давлатзода.
Бар асоси ин шартнома, шаҳрвандони Русия, ки низ дар Тоҷикистон кор мекунанд ва суғуртаи иҷтимоӣ кардаанд аз ҷониби Тоҷикистон ба онҳо нафақа пардохт мешавад
“Муҳоҷирони тоҷик дар талоши дарёфти шаҳрвандии Русия нестанд”
Аз 24-уми феврали имсол, аз замони ҳамлаи Русия ба Украина, шаҳрвандии Русия дигар барои муҳоҷирони тоҷикистонӣ як орзу нест. Дар ин бора ҳам муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори назар мекунанд ва ҳам сиёсатшиносони тоҷикистонӣ.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, шумораи шахсоне, ки дар талоши дарёфти шаҳрвандии Русия ҳастанд, ҳам ба далелиҳои иқтисодӣ ва ҳам ба далелҳои сиёсӣ, кам шудааст. Аммо, бешубҳа, ҷанги Русия дар Украина ба тасмими зодагони Тоҷикистон барои дарёфти шаҳрвандии Русия таъсир расонидааст.
То оғози ҷанг вазъ дигаргуна буд. Ба иттилои мақомоти Русия, миёни сокинони кишварҳое, ки бештар дар талоши дарёфти шаҳрвандии Русия буданд, Тоҷикистон дар мақоми дувум қарор дошт. Дар соли 2021, ба иттилои расмӣ, бештар аз 103 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтааст. Дар панҷ соли охир ин омор ба 300 ҳазор мерасад.
Дар Тоҷикистон давоми се моҳ 520 ҳолати фавқулодда рух додааст
Дар натичаи як қатор ҳодисаҳои фавқулодда дар ҳудуди Тоҷикистон ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари бузурги моддӣ расид. Аз оғози соли 2022 наҷотдиҳандагон дар Тоҷикистон 520 ҳодисаи фавқулодда ва ҳодисаи табииро сабт кардаанд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар хабар додааст.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки дар пайи 19 ҳодиса ба аҳолӣ ва иқтисоди Тоҷикистон хисороти моддӣ расидааст.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовара аз рӯи ҷамъбасти кори семоҳаи аввали соли ҷорӣ гуфта шуд, бо фарорасии фасли баҳор, ки ҳодисаҳои фаромадани сел, лағжиши замин ва сангрезӣ бештар мешаванд, шумораи ҳолатҳои фавқулодда афзоиш ёфтааст.
Бар асари офатҳои табиӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 5 нафар аз шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд.