fbpx

Пардохтҳои ҳатмӣ дар шакли ғайринақдӣ. Шарҳи раиси “Амонатбонк”

Шурӯъ аз 1-уми августи соли 2023 ҳама намуди хизматрасониҳои муздноки давлатӣ ба таври ғайринақдӣ сурат мегиранд.


1
1 point
Раиси Амонатбонк
Сироҷиддин Икромӣ

Зимни як брифинг Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк” дар бораи инфрасохтор, тарзи корбарӣ, афзалиятҳо ва чораҳои вобаста ба гузаштани шакли ғайринақдии пардохтҳои ҳатмии давлатӣ гуфт.

Тибқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз 1-уми августи соли 2023 ҳама намуди хизматрасониҳои муздноки давлатӣ, аз ҷумла пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, коммуналӣ ва қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.

Брифинг дар Амонатбонк

Ба гуфтаи Икромӣ ба ҳолати имрӯза дар филиалҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва биноҳои нозироти андоз, дар маҷмуъ 853 адад, аз ҷумла 820 дар филиалҳои Бонк ва 33 адад дар нозироти андоз постерминалҳо насб карда шудааст.

Қаблан дар 372 адад ин гуна нуқтаҳои қабул вуҷуд доштанд. Шахсони воқеӣ ва соҳибкорон метавонанд 11 намуд андоз ва зиёда аз 300 намуд пардохтҳои ҳатмиро дар шабакаи Бонк анҷом диҳанд.

Инчунин барномаи нави “Фронт-офис” тарҳрезӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст, ки барои идора намудани равандҳои марбут ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ҳамгироӣ бо вазорату идораҳо мусоидат мекунад.

Икромӣ таъкид кард, ки ҳар як вазорату идора ва ташкилотҳои давлатӣ метавонад аз утоқи шахсӣ дар барнома истифода бурда, тамоми пардохтҳои ба манфиати онҳо қабулшударо назорат намояд.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки татбиқи лоиҳаи пардохтҳои ғайринақдии давлатӣ аз даҳаи сеюми мохи март оғоз гардида, то имрӯз тавассути постерминалҳо зиёда аз 275 млн. сомонӣ маблағ барои пардохтҳо гузаронида шудааст.

“Барои таъмини фаврият ва хизматрасонии саривақти ба мизоҷон Бонк 164 ҳазор адад кортҳои беноми “Фарогир”-ро интишор намуда, ба мизоҷон дастрас карда истодааст”,- афзуд раиси “Амонатбонк”.

Дар баробари хизматрасонихои болозикр, дар ташкилоту муассисахои давлати 237 адад ва дар бахши хусусй 620 адад постерминалҳо насб карда шудааст,ки гардиши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринакдӣ тавассути онҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ба ҳолати 20 июни соли ҷорӣ 23,6 млн сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 28,4% афзоиш ёфтааст.

Ба иттилои раиси “Амонатбонк” то кунун дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар умум 1095 ОR-рамз насб шудааст. Барои шахсони воқеӣ бошад миқдори онҳо ба 1422 адад мерасад. Шумораи амалиётҳо дар ин давра ба 5700 адад ва гардиши онҳо ба беш аз 1 миллиону 225 ҳазор сомонӣ расидааст.

Дар замимабарномаи “Амонатмобайл” низ имконияти фосилавӣ анҷом додани пардохти андозхо (11 намуд) ва хизматрасониҳои коммуналӣ татбиқ шудааст. Шумораи умумии истифодабарандагони барномаи мобилӣ беш аз 384 ҳазор адад ва гардиши маблағҳо наздики 1,4 млрд сомониро ташкил намуд.

То ин замон ба Интернетбонкинг барои шахсони воқеӣ қариб 8 ҳазор корхона ва ташкилот пайваст карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки президенти кишвар дирӯз, 22-юми июн фармон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”-ро имзо кард.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend