Паноҳандагони афғон дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар чӣ гуна шароитҳо зиндагӣ мекунанд?

Нооромиҳои пай дар пай дар Афғонистон сол аз сол мардуми бештареро маҷбур ба муҳоҷират кард. Рӯй овардани гурезагони афғон ба Тоҷикистон, баъд аз сари қудрат омадани “Толибон”, теъдоди онҳоро боз ҳам бештар кард. Аз сабаби он ки мардуми Афғонистон бо мо ҳамзабон ҳастанд, аксарият Тоҷикистонро интихоб мекунанд.

Баҳри пайгирии мушкилоти гурезаҳои афғон муаллифи Your.tj аз манзили зисти чанде аз онҳо дидан кард, ки дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.

“Пасандозҳо тамом шаванд, чӣ кор мекунем, намедонам”

Сараввал рафтем ба ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд. Қабл аз 20 рӯзи ба сари қудрат омадани “Толибон”, наздики 38 нафар аз Афғонистон фирор карда, ба деҳаи Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов паноҳ овардаанд.

Феълан дар дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд наздики 100 оилаи паноҳандагони афғон кору зиндагӣ доранд.

Бар асоси мушоҳидаҳои мо дар ин минтақа шароити зиндагии паноҳандагони афғон нисбати дигар минтақаҳо пасттар аст. Чун дур зиндагӣ кардан аз марказ ҳамеша ба худ мушкилии набудани ҷойи кор, мактабу боғча ва дигар мушкилотро дорад.

Яке аз мушкилоти ассосии паноҳандагон ин надоштани ҷойи кор аст. Як паноҳандаи афғон дар суҳбат бо мо гуфт, ки маблағи иҷораи хона барояш гаронӣ мекунад.

“Мо хонаи худро фурӯхта, маблағи онро бо худ овардем, вале ин ҷо бо чор фарзанду ҳамсарам дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунем. Фикр кунед, ки агар маблағи зиёд дошта бошӣ ва ҷойе кор накунӣ, билохира он рӯзе тамом мешавад.

Масалан, танҳо иҷораи хонаам 800 сомонӣ мебошад, вале ҳастанд хонаҳое, ки то 1600 – 1800 сомонӣ арзиши иҷора доранд. Ҳоло дар ҷое кор намекунам  ва намедонам, ки вақте пасандозҳо тамом шаванд, чӣ кор мекунем”, – гуфт яке аз паноҳандагони афғон, ки нахост номаш зикр шавад.

Ӯ мегӯяд, беҳтар мебуд, ки барояшон иҷозаи дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ карданро медоданд, чун он ҷо барояшон пайдо кардани ҷойи кор осон аст.

Тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки соли 2000-ум қабул гаштааст, паноҳҷӯён дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, шаҳри Душанбе ва Хуҷанд иҷозати истиқомат карданро надоранд. Вале, афғонҳо мегӯянд, дар қиёс ба минтақаҳо, ки ҳатто сокинони маҳаллӣ аз бекорӣ ранҷ мекашанд, имкони пайдо кардани кор дар пойтахт ва марказҳои вилоятҳо бештар аст.

Дар мактабҳои вилояти Суғд барои кӯдакон мушкилие нест

Тавре паноҳандагон нақл карданд, дар вилояти Суғд фарзандонашонро бе мамоният дар мактаб қабул мекунанд, новобаста аз он ки бештари онҳо фирор кардаанду бо худ ҳуҷҷатҳои лозимаро нагирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки гурезаҳои афғон дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ аз қабул нашудани фарзандонашон дар мактаб шикоят мекунанд.

Марҷони Корвон, ки дар яке аз макбатҳои маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳсил мекунад, гуфт, ки муаллимаҳо зиёд бо онҳо меҳрубон буда, дастгириашон мекунанд.

Марҷон Корвон

“Аз муносибати омӯзгорони худ, мо бисёр хушҳол ҳастем. Бисёре аз афғонҳо дар ҳолати ҷанг омадаанд, асноди мактабро бо худ наовардаанд, вале моро хуб қабул карданд. Масалан, ман дар Афғонистон дар синфи ҳафт таҳсил мекардам, ин ҷо ҳам маро дар синфи худам қабул карданд. Кӯшиш кардам, ки ҳуруфи тоҷикиро аз худ кунам, ҳоло ҳатто забони русиро аз худ кардаам”, – мегӯяд, Марҷони Корвон

Вале, шароити зиндагии паноҳандагони афғон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд нисбати шаҳри Ваҳдат фарқкунанда аст. Ба қиёс аз вилояти Суғд паноҳандагони афғон дар Ваҳдат зиндагии хубтар доранд.

“Рӯзҳое мешавад, ки нони хӯрдан намеёбем”

Фотима, як зани 65 солаи афғон, пас аз нопадид шудани писараш, ягона келинашро гирифта, ба Тоҷикистон фирор кардааст, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов зиндагӣ дорад ва шароити сангине дорад.

Ин зан мегӯяд, рӯзҳое мешавад, ки нони хӯрдан намеёбанд, зеро дар оила ҳамагӣ ду зани танҳо ҳастанду ҷойе кор намекунанд.

“Ба мо аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд” (RCVC) охири моҳи декабр маҳсулоти хӯрока кӯмак шуда буд. Аз он кӯмакҳо ду кило лубиё монда буд, имрӯз келинам онро бурда, 50 сомонӣ фурӯхтааст, ки нон харидорӣ кунем, аммо нашуд. Яку якбора фишорам баланд шуду ба беморхона рафтем, ки бо он пул як қисми доруҳои духтур навиштаро харидем”, – нақл мекунад, Фотима.

Холаи Фотима

Холаи Фотима бемории қанд ва фишорбаландӣ дорад ва мегӯяд, бо маблағи 600 сомонӣ иҷора менишинаду аз маблағи хонаву барқ қарздор аст ва имкони пардохти онҳоро надорад.

“Бояд дар беморхона бистарӣ шавам, вале шароит надорам. Ҳамсояҳо яке 10 дигаре 20 сомонӣ медиҳанд, мо бошем чизе барои хӯрдан ё дору харидорӣ мекунем. Вале аз барқ 220 сомонӣ ва аз ҳаққи иҷораи хона ду моҳа қарздорем.”, – мегӯяд, ӯ.

12 соати корӣ бар ивази 15 сомонӣ

Мо бо шароити зиндагии ин ду зан шинос шудем, воқеан ҳам онҳо шароити вазнине доранд.

Келини ин зан, ки Зуҳро ном дорад, дар суҳбат ба мо гуфт, ки дар як мағозае аз соати панҷи субҳ то соати 17 – и бегоҳ кор мекарду ҳамагӣ 15 сомонӣ музд мегирифт, ки он барои роҳкиро ва нон расидагӣ мекард.

“Чанд моҳ кор кардам, вале аз сабабе, ки хушдоманам дар хона танҳову бемор буд, дигар натавонистам кор кунам. Зеро дар кор будам, ҳамсояҳо занг зада, мегуфтанд, ки аҳволи хушдоманат бад шудааст, ман ҳам тарсида, саросема меомадам”, – бо гиря нақл мекунад, келини холаи Фотима.

Зуҳро

Зуҳро мегӯяд, аз соҳиби мағоза хоҳиш кардааст, ки рӯзи кориашро ҳадди ақал 20 сомонӣ кунад, аммо соҳиби мағоза шарте гузошааст, ки ба вай хӯроки нисфирӯзӣ намедиҳад.

Зуҳро ҳунари қолинбофӣ ва ороишгарӣ дорад, мегӯяд, агар ҷойе ӯро ба кор қабул кунанд, бисёр хушҳол мешавад.

“Ҳамсояҳо ба мо кӯмак мекунанд, муносибати хуб ҳам доранд. Ростӣ, зиндагиямон аз ҳисоби ҳамсояҳо пеш меравад, агар онҳо набошанд, шояд аз гуруснагӣ бимирем.”, – мегӯяд, Зуҳро.

“Моро ба дигар кишвар интиқол диҳед”

Холаи Фотима аз президенти Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки онҳоро ба дигар кишвар интиқол диҳад, то ин ки ҷойе кор ёбанду зиндагии беҳтаре дошта бошанд.

“Сараввал ба Эмомалӣ Раҳмон сипос мегӯям, ки моро дар кишвари худ ҷо кард. Баъдан, мо мебинем, ки Тоҷикистон онқадар кишвари бой нест, ки моро ҳамеша кӯмак кунад. Охир, мардум ҳам наметавонанд ҳар рӯз ба мо хайр кунанд, онҳо ҳам фарзанду зиндагӣ доранд.

Ман ҳамеша дар ҳаққи давлату миллати Тоҷикистон дуои хайр мекунам, ки бисёр дилсӯзанд. Аз ин рӯ хуб мешуд, ки моро ба як кишваре равон мекарданд, ки ҳам соҳиби ҷои кор мешудему зиндагиамонро пеш мебурдем”, – гуфт ин зан бо гиря.

Дар Тоҷикистон зиндагӣ аз нигоҳи иқтисодӣ вазнинтар аст

Шаҳри Ваҳдат дар 20 километрии дуртар аз пойтахт, ягона минтақаест, ки теъдоди бештари паноҳандагони афғонро дар худ ҷой додааст. Агар иҷорапулӣ дар вилояти Суғдро бо шаҳри Ваҳдат муқоиса кунем, аз замин то осмон фарқ мекунад, чун иҷораи хонаи ду ҳуҷрагӣ дар шаҳри Ваҳдат то 4 ҳазор сомонӣ мебошад. Аксари паноҳандагони дар ин шаҳр зиндагӣ дошта савдогаранду зиндагии хубе доранд. Қисме аз онҳо дар ширкати таксии шаҳри Ваҳдат кор мекунанд ва мегӯянд, аз зиндагии худ розӣ ҳастанд.

Ҳатто агар ба таври мисол ба зиндагии гурезаҳои афғон дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ назар кунем, шароити зиндагии онҳо низ дар ин минтақаҳо хеле сахт аст. Онҳое, ки шароити зиндагии сахт доранд, иброз медоранд, ки дар Тоҷикистон оромӣ бошад ҳам, аммо аз бебарқию беобии мавсимӣ ва бекорию қиматӣ нигаронанд.

Оилаҳое, ки шароити зиндагии хуб доранд, мунтазири раводид аз сӯйи хешовандонашон ҳастанд ва мехоҳанд ба кишварҳои пешрафта, аз қабили Канада ва Олмон сафар кунанд. Аз сӯйи дигар ҳастанд оилаҳое, ки ба қавле бо аробакашию мӯзадузӣ рӯзашонро пеш мебаранд ва аксари онҳо аз бекориву тангдастӣ шикоят доранд. Набудани ҷои корӣ ва ё ба даст наовардани маблағи кофӣ, сабаби аз таҳсил дур мондани фарзандони аксар паноҳандагони афғон гаштааст.

Мавриди зикр аст, мудати 40 соли нооромӣ дар Афғонистон бештари аҳоли ба Покистону Эрон ҳиҷрат кардаанд, ки тибқи иттилои расмӣ зиёда аз 7 милион нафарро дар бар мегиранд. Миёни кишварҳои Осиёи миёна бошад, Тоҷикистон ба гурезаҳои бештаре паноҳ додааст, ки ҳудуди 15 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Skip to toolbar