Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:1923.05.2025
Шоми 20-уми май дар километри 417-уми шоҳроҳи “Қулма-Хоруғ-Дарвоз-Кӯлоб”, дар ҳудуди деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз, як мошини мусофиркаш ба дарёи Панҷ сарозер шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, мошини тамғаи “Тойота-Ландкрузер” таҳти идораи Гулзоров Ҳаким, сокини 40-солаи шаҳри Хоруғ қарор дошт.
Ӯ бо шаш мусофир аз самти Хоруғ ба Душанбе ҳаракат мекард ва ҳангоми гузаштан аз ин минтақа, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарё чаппа шудааст.
Ронанда ва як мусофир, Саркоров Фариди 44-сола хуро аз мошин берун партофта, зинда мондаанд ва ҳоло дар беморхона бистарӣ ҳастанд.
Панҷ нафари дигар, ноболиғ Саркоров Акрами нӯҳсола, Почоева Ашулаи 54-сола, наберааш Маҷнунов Муизи яксола, Афзалхонова Мадинаи 33-сола ва писараш Айналишоев Нуралишои 10-сола дар об ғарқ шудаанд.
Манбаъ менависад, то ҳол ҷасади онҳо ёфт нашудааст. Гуфта мешавад, мақомот корҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳии мусофирони ғарқшударо идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта, рӯзи 17 май дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз як мошини боркаш, таҳти идораи сокини шаҳри Душанбе ба дарёи Панҷ сарозер шуда буд.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
14 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
3 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад