“Pamir Daily News” ташкилоти экстремистӣ эълон шуд

Сабаби ин қарор шарҳ дода нашудааст.


Хабари экстремистӣ эълон шудани Памир дейли нюс дар Тоҷикистон

Намогирифт аз сомонаи Прокуратураи генералӣ

Фаъолияти он дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда шуда, ҳамкорӣ бо ин ташкилот боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад. Дар ин бора Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод.

Дар сомонаи ин ниҳод омадааст, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми июни соли 2023 ташкилоти “Памир дейли нюс”   (“Pamir Daily News”)  ё  “Памир нюс” (“Pamir News”) ташкилоти экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

Гуфта мешавад ин қарор тибқи аризаи даъвогии Прокурори генералӣ ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон ба амал омадааст.

“Дар ҳар шакл ҳамкорӣ намудан бо ин ташкилоти экстремистӣ ва роҳбарону аъзоёнаш ғайриқонунӣ дониста шудааст ва анҷом додани амалҳои мушаххас ба манфиати онҳо боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад”,- гуфта мешавад дар иттилоъ.

Инчунин фаъолияти сомонаҳои интернетии ташкилоти мазкур низ дар ҳудуди кишвар баста шуданд.

Дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон омадааст, ки барои ҳамкорӣ бо ташкилоти аз ҷониби суд экстремистӣ (ифротгаро) эътироф гардида, ба муҳлати аз 5 то 8 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ менависад, Pamir Daily News ба кораш идома медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 Суди олии Тоҷикистон сомонаи хабарии “Ахбор”-ро, ки қароргоҳаш дар Прага воқеъ аст, мамнӯъ эълон карда буд. Дар изҳороти он омада буд, ки мундариҷаи ин сомона ба манфиатҳои “террористону ифротгароён” хидмат мекунад.

Созмонҳои байнулмилалии рӯзноманигорон ва ҳомии ҳуқуқ мунтазам Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии сухан ва фишор болои журналистону блогерҳо мавриди интиқод қарор медиҳанд.

Тайи соли ахир дар Тоҷикистон 8 нафар рӯзноманигорон ва блогерон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ташкилотҳои экстремистӣ ба муҳлатҳои аз 7 то 21 соли зиндон маҳкум шуданд.