Қарзи берунии Тоҷикистон то 4,1 млрд зиёд мешавад.

Палатаи ҳисоби: Дар вазорату идораҳои кишвар норасоии 252 млн сомонӣ ошкор шуд

Тоҷикистон алайхи каронавирус 732 ҳазор ваксинаи AstraZeneca мегирад

Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX бар зидди коронавирус 732 ҳазор ваксинаи AstraZeneca мегирад. Кишварҳое, ки дар ташаббуси COVAX иштирок мекунанд, метавонанд бо аввалин лоиҳаи муваққатии паҳнкунии ваксинаи коронавирус, ки Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) ва шарикони он нашр кардааст, ошно шаванд, хабар медихад маркази матботии СММ. COVAX – ташаббус барои мутамарказ харидорӣ ва паҳн кардани ваксинаҳои COVID-19 мебошад. Тибқи он, ҳукуматҳо ва истеҳсолкунандагон якҷоя хамкорӣ намуда, кишварҳои сердаромад ва камдаромадро баробар эмгузаронӣ мекунанд.

Бузургтарин зарари молиявӣ дар Вазорати маориф ошкор шудааст

“Зарари аз ҳама зиёди молиявӣ, ки тақрибан 11 миллион сомониро ташкил медихад дар фаъолияти Вазорати маориф ошкор шуд”,- гуфта раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода дар вохурӣ бо рӯзноманигорон. Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи гражданӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва ширкати “Барқи Тоҷик” низ дар қатори онҳое номбар шудаанд, ки зарари калони молиявӣ дидаанд. Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Чиллазода, аз миёни 100 вазорату идораҳо ва муассисаҳое, ки санҷида шудаанд, ягон ниходе нест, ки дар он камбудиҳои молиявӣ ошкор нашуда бошад”.

Дастури Рустами Эмомалӣ барои тоҷикӣ кардани номгузориҳо дар пойтахт

Номи корхонаву иншооте, ки дар Душанбе бунёду ифтитоҳ мешаванд ва ҳамчунин номи иншооти бахши тиҷорату хидматрасонӣ, фарҳанг, маориф ба таври ҳатмӣ бояд бо шаҳрдорӣ мувофиқа шаванд.

Дар ин бора ахиран қарори нави раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Ин тадбирро шаҳрдорӣ бар асоси иҷрои Барномаи давлатии  рушди забони давлатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 рӯйи даст гирифтааст, ки чанде пеш аз сӯйи ҳукумат тасдиқ шудааст.

Аз ин ба баъд номгузории кӯчаву хиёбон, шаҳраку маҳаллаву боғу ҳавзу дарёҳо бояд ҳатман бо шаҳрдорӣ мувофиқа шаванд.

Дар кишвар теъдоди нашъмандон кам шудааст

Теъдоди нашъамандон дар ҷумҳурӣ 5,1% коҳиш ёфтааст. Дар соли 2020 дар кишвар 5999 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, гуфтанд ба хабарнигорон дар Агентии назорати маводи нашъаовар. Тибқи иттилои ин ниҳод, ба 100 ҳазор нафар аҳолии кишвар 55 нафар нашъаманд рост меояд, ки ин нисбат ба дигар кишварҳо хеле камтар аст.

Роҳбари ин ниҳод Ҳабибулло Воҳидзода ҳамчунин коҳиш ёфтани боздоштҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро бо маводи мухаддир дар хориҷа қайд кард. Ба гуфтаи вай, дар 9 моҳи соли 2020, 205 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар бо маводи мухаддир боздошт ва аз онҳо 109 кг маводи мухаддир мусодира шудааст.

Дар Точикистон 11 шаҳрванди кишварҳои дигар барои қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд. Дар тӯли сол, фаъолияти 40 гурӯҳи ҷиноятпешаи маводи мухаддир, ки иборат аз 87 нафар буданд, ошкор ва бархам дода шуд.

Норасоии 252 млн сомонӣ дар вазорату идораҳои кишвар

Палатаи ҳисоб зимни 272 санҷиши назоратӣ дар вазорату идораҳо, инчунин гурӯҳҳо оид ба татбиқи тарҳҳои инвеститсионӣ зиёни беш аз 252 миллион сомониро ошкор кард, гуфт роҳбари палатаи хисоби кишвар Қарахон Чиллазода дар мулоқот бо журналистон.

Дар натиҷаи чораандешии ҷуброни зарари молиявӣ 227,5 миллион сомонӣ барқарор карда шуд, ки ин каме бештар аз 90%- и ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад.

11 млн ҷарима барои беасос боло бурдани нарх

Хадамоти зиддиинҳисорӣ соли гузашта ба маблаги 11 миллион сомонӣ соҳибкорони маҳаллиро барои беасос боло бурдани нархҳо ҷарима бастааст. Ба гуфтаи роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ Абдулмаҷид Муминзода, ниҳодаш назорати нархро пурзӯр кардааст.

Қайд мешавад, ки болоравии нархи хӯрокворӣ, аз ҷумла, бо ҳиссаи зиёди воридот ва пандемияи коронавирус алоқаманд аст. Дар ҳамин ҳол, иқтисоддонҳо қайд мекунанд, ки мансабдорон набояд ҳар дафъа ба омилҳои беруна истинод биёранд. Бояд роҳҳои дигари ҳалли мушкилотро пайдо кард. Масалан, барои рушди соҳибкории хурду миёна ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ шароит фароҳам оваранд. Агентии омор қаблан хабар дода буд, ки соли гузашта дар кишвар нархи баъзе маҳсулот то 42% боло рафта, маҳсулоти ғайриозуқа то шаш фоиз афзоиш ёфтаанд.

Skip to toolbar