logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Пагоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон сафар мекунад

Дигар роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон низ ба мулоқот дар Берлин хоҳанд рафт.

Your tj

17:2827.09.2023

Пагоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон сафар мекунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари серӯза пагоҳ, 28-уми сентябр ба Берлин меравад. Дар назар аст, роҳбари далат дар Олмон бо президент ва садри аъзам (канслер)-и ин кишвар мулоқот анҷом диҳад.

“Азия-Плюс” бо истинод ба иттилои хадамоти матбуоти президент менависад, сафари Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми сентябр оғоз гардида, то 30-юми сентябр идома мекунад.

Интизор меравад, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ дар ин мулоқот ширкат кунанд.

“Сарвари давлат бо сарони дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ бо раиси ҷумҳури Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар Берлин мулоқот анҷом медиҳанд”, - мегӯяд манбаъ.

Гуфта мешавад, мавзӯъҳои асосии гуфтугӯ таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва иқтисодӣ, инчунин масъалаҳои ҳамкориҳо, ки барои минтақа ва Олмон муҳиманд, мебошанд.

“Дар ҷараёни мулоқот мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла равобити дуҷониба ва ҳамкорӣ дар заминаи сиёсати иқтисодӣ ва энержӣ низ баррасӣ мешаванд”, - иброз дошт манбаъ.

Илова бар ин, мулоқоти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Олаф Шолс, садри аъзам (канслер)-и Олмон дар назар гирифта шудааст.

Мулоқоти дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон ва Олаф Шолз низ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, дар доираи ин сафар ширкати президенти Тоҷикистон дар конфронси иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14-15-уми сентябр сарони 4 кишвари Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе мулоқот карда буданд. Баъд аз ин боз ҳам сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо ИМА дидор доштанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

1 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

3 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

3 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

5 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ