logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Падари 66 - сола ба то дами марг латукӯб кардани духтари 11 - солааш гумонбар мешавад

Сабаби латукӯб гум шудани маблағи падар шарҳ дода шудааст.

Your tj

15:3503.11.2022

Падари 66 - сола ба то дами марг латукӯб кардани духтари 11 - солааш гумонбар мешавад

Кормандони милитсия як сокини шаҳри Душанберо ба иттиҳоми куштор боздошт кардаанд. Падари 66 - сола духтари 11 – солаи худро латукӯб  карда, ба  ҳалокат расонидааст.

Аз гузориши телевизионии барномаи "Ахбори ВКД" бармеояд, ки ҳодиса рӯзи 28 октябр дар хонаи як сокини ноҳияи Шоҳмансур рух додааст.

Дар ин рӯз Гурезов Саид Шарифовичи 66-сола пулеро, ки барои харидани доруву табобат ҷамъ карда буд, наёфт. Гуфта мешавад, ки солҳои охир ӯ сахт бемор буд.

Номбурда ба дуздии пул духтари хурдии 11 – солааш – Мадина Саидоваро муттаҳам карда, ӯро дар ҳолати шадиди рӯҳӣ бозпурсӣ кардааст.

Гумонбаршуда барои иқрор шудани Мадина дар бораи ба куҷо пинҳон кардани маблағҳо ӯро бо чӯб ва камарбанд сахт латукӯб кардааст. Ин ашё баъдан аз ҷониби милистсия ҳамчун далели шайъӣ дарёфт шудаанд.

Мадина Саидова бар асари латукӯб дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, падараш, ки ӯро то дами марг лату кӯб карда буд, боздошт шудааст.

Суди шаҳри Душанбе алайҳи Гурез Саидов бар асоси моддаи 104 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз карда, тафтишот идома дорад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

12 часов назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

12 часов назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

2 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

3 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

3 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ