logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Пас аз Баҳром Дамирбек. Даргузашти  ҳунарманди саршиноси тоҷик Дамирбек Олимов

Дамирбек ҳамагӣ 33 сол дошт.

Your tj

09:4105.02.2022

Пас аз Баҳром Дамирбек. Даргузашти  ҳунарманди саршиноси тоҷик Дамирбек Олимов

Дамирбек Олимов, ҳунарманди ҷавони тоҷик, субҳи имрӯз бар асари як садамаи нақлиётӣ даргузашт. Дар ин бора дӯстону наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд

Гуфта мешавад, ки Дамирбек шаб дар як тӯй дар тарабхонаи Боғи миллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст ва субҳи имрӯз, соати 3 ҳангоми аз ин тарабхона рафтан дар роҳ бо ду навозандааш ба садама дучор мешаванд.

Онҳоро ба беморхонаи рақами 1 шаҳри Хуҷанд мебаранд ва  мутаассифона дар беморхона Дамирбек Олимов мефавтад.

Дамирбек Олимов 20 марти 1989,  дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд таваллуд шуда буд.

Падари ӯ Ботурҷон Олимов ҳам овозхон аст. Баъд аз хатми мактаби миёна солҳои 1995—2004 дар донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дониш андӯхта, онро хатм кардааст.

Фаъолияти овозхонии худро аз соли 2009 оғоз кардааст. Дар ансамбли шашмақомхонии «Нури Хуҷанд», бо раҳбарии Ҳунарманди мардумии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов ва дар дастаи «Садои Суғд» кор мекард. Оиладор аст ва соҳиби 3 фарзанд, 2 писару 1 духтар буд.

Ду сол кабл сарояндаи машҳури дигар Баҳром Ғафурӣ низ бар асари садамаи мудҳиши  нақлиёти фавтида буд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

1 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

4 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

4 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

5 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ