Озодӣ: Садама ҳангоми “облава” боиси марги 3 кас шуд

Дар ноҳияи Восеъ бар асари як садамаи нақлиётӣ 3 нафар ба ҳалокат расида, чор тан захмӣ шудааст. Ба иттилои ВКД ҳодиса нисфирӯзии 22-юми сентябр рух додааст.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ менависад, садама бо иштироки корманди Комиссариати ҳарбӣ замоне ба вуқуъ пайвастааст, ки ӯ як ҷавони синни даъватро бо зӯр ба мошин савор карда, бо суръат ронда, ба мошини самти муқобил бархӯрдааст.

Ду тан аз сокинон бо шарти зикр нашудани номашон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ инро тасдиқ кардаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ садамаро тасдиқ намуда, вале ишора накардааст, ки ронанда корманди Комиссариати ҳарбӣ буд ё на.

Ба иттилои ин ниҳод, Наҷибулло Рустамзодаи 33-сола, ронандаи “Toyota Camry”, дар роҳи деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ба самти муқобил ҳаракат карда, ба мошини “Opel Astra”-и Кароматулло Бурҳонови 27-сола бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи “Opel Astra” ва ду мусофири он, Наргис Иброҳимоваи 30-сола ва Давлатбибӣ Забироваи 54-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Инчунин чор мусофири дигари ин мошин Мирзоҳисайн Нуриддинови 44-сола, Гуландом Гуловаи 42-сола, Панҷшер Саймуминзодаи 5-сола ва Эмомназар Қаюмови 27-сола бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, парвандаро прокуратураи ноҳияи Восеъ тафтиш мекунад.

Ёдовар мешавем, ки аз 1-уми октябр дар Тоҷикистон даъвати ҳарбии тирамоҳӣ оғоз меёбад, ки он то охири моҳи ноябр давом мекунад.

Skip to toolbar