fbpx

Озмун видеоакселератори эҷоди видеои зернависдор барои ҳирфаиҳо ва навомӯзон


-1
59 shares, -1 points

Оҷонсиҳои тоҷикии YOUR.tj ва Limu Media шарикони озмуни Маркази шаҳрвандӣ барои журналистон дар Прага (МШП) мебошанд. Маводҳои шумо барои озмун дар саҳифаҳои иҷтимоии расонаҳои мазкур нашр мешаванд.

Шартҳои озмун:

Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо: то 21 июли соли 2020 (рӯзи 21-ум низ қабул мешаванд)

Чӣ: Озмун байни рӯзноманигорон ва мутахассисони эҷодӣ дар Тоҷикистон.

Чӣ кор бояд кард?

Наворе омода созед, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 3 500 тамошобин пайдо кунад, то Шумо соҳиби мукофоти кафолатнок, дар ҳаҷми 50 евро гардед.

Забонҳо: русӣ, тоҷикӣ.

Мақсад чист?

Мо мехохем, ки шумо малакаи худро дар истеҳсоли маводи видеоӣ ба кор баред, ҳикоя фикр кунед, сенария тартиб диҳед ва наворро тарзе омода ва танзим намоед, ки расонаҳои YOUR.tj ва Limu Media бидуни таҳрир ва дигаргунӣ дар саҳифаҳои фейсбук ва инстаграми худ нашр кунанд.

Барои ин рӯзноманигор ва наворбардор будани Шумо шарт нест. Шумо метавонед, наворро мустақилона дар телефонатон сабт намоед. Барои мо ҷолибияти сюжет ва риояи меъёрҳо хурди дар поён зикр шуда муҳим мебошанд. Инчунин мо метавонем каме барои танзими наворҳо кӯмак расонем. Муҳим он аст, ки Шумо мақсади худро дақиқ донед: чиро ба навор гирифта чӣ тавр танзим кардан мехоҳед.

Ин ҳама танҳо ба таври онлайнӣ баргузор карда мешавад, аммо шумо мукофоти воқеӣ хоҳед гирифт.

Чӣ хел ширкат кунем?

Дар навбати аввал Шумо худро бо истифода аз пайванди мазкур ба қайд гиред.

Сабти ном барои он зарур аст, ки баъд аз анҷоми озмун дар вақти тӯҳфасупорӣ нофаҳмиҳо ба вуҷуд наоянд. Мо шумораи зиёди иштирокчиёнро интизорем ва умедворем, ки аксари видеоҳои иштирокчиён шумораи зарурии тамошобинонро соҳиб шуда, ҷоизаро ба даст меоранд.

Ин чӣ гуна кор медиҳад?

Шумо тавассути линки дар боло буда худро ба қайд мегиред ва то 21 июл ба мо як ё ҳадди ақал ду видеоеро ирсол менамоед, ки ба меъёрҳои техникии дар поён зикр шуда ҷавобгӯй бошанд.  Агар шумо ду навор пешниҳод кунед, онҳоро қабул мекунем, вале танҳо якеи онро нашр хоҳем кард. Аммо ҳамоне нашр мегардад, ки бештар писандамон ояд ва имкони зиёди бурд дар он мушоҳида шавад.

Агар видео ба меъёрҳо мувофиқ ва ҷолиб бошад, нашр мешавад. Агар ба назар расад, ки навор такмил мехоҳад, вале барои нашр муносиб аст, пас мо бо шумо тамос мегирем ва барои беҳтар кардани он кӯмак мекунем. Инро дар хотир гиред, танҳо кӯмак хоҳем кард. Мо интизорем, ки шумо қисми зиёди корҳоро худатон иҷро  мекунед.

Агар бо ягон сабаб мо нашри наворро ғайри қобили қабул шуморем, ба таври муфассал қарори мазкурро шарҳ хоҳем дод.

Пас аз ду ҳафтаи нашри навор, мо ба ҳисобкунаки бинандаҳо назар мекунем – агар онро 3500 нафар ё бештар аз он тамошо карда бошанд – соҳиби яке аз ҷоизаҳо мегардад.

Наворҳо дар куҷо нашр мешаванд?

Дар ҳар кишвари Осиёи Марказӣ мо якчанд шарикони расонаӣ дорем, ки наворҳоро  дар шабакаҳои иҷтимоии худ нашр мекунанд. Дар Тоҷикистон – расонаҳои YOUR.tj ва Limu Media.  Таваҷҷӯҳ ба саҳифаҳои ВАО ҳамеша зиёд аст, аз ин рӯ ҷамъоварии 3 500 бинанда душвор нахоҳад буд.

Кӣ қарори нашри наворҳоро мебарорад?

Дар ҳар кишвар, пас аз мӯҳлати ниҳоӣ, мо ҳайати доваронро ҷамъ меорем, ки дар он корманди МШП ва як нафари намоянда аз шарикони расонаӣ дохил мешаванд. Ҳайати доварон асосан сужаи навор ва мутобиқати он ба меъёрҳои техникиро баҳогузорӣ мекунанд. Тартиби нашри ҳар як навор низ муайян карда мешавад.

Озмун ягон мавзӯи мушаххас дорад?

На. Аммо дар поён тавсия дода мешавад, ки чӣ пазируфта хоҳад шуд.

Пас навор дар бораи чӣ буда метавонад?

Пеш аз ҳама, навор бояд дар худ қаҳрамони возеҳ дошта бошад – шахсе ки барои беҳбудии ҳаёти худ ва дигарон кӯшиш мекунад. Инчунин метавонад ҳикоя дар бораи ташкилоте бошад, аммо қаҳрамони асосӣ бояд дар маркази сужа бошад.

Дар видео бояд ҳикояе нақл шавад, ки фаҳмиданаш осон бошад.

Мо нақли ҳаёти шахсони оддӣ ва ғайриоддиро мепазирем, ки  мушкилоти рузмарраро мебинанду фаъолона дар пайи ҳалли он мебошанд ва новобаста аз миқёс кори муҳим ва илҳомбахш мекунанд: ба дигарон кӯмак мерасонанд, фазоро иваз мекунанд, мушкилотро бартараф ва ҳамфикрони худро ҷамъ меоранд.

Синну сол ва ҷинси қаҳрамони асосии шумо аҳмият надорад, муҳим дар бораи шахси соҳибзавқ бошад ва ҳикояи забонзада набошад. Навор бояд нишон диҳад, ки ҳама метавонанд барои беҳбудӣ ва тағйироти ҳаёти худ умед банданд.

Барои ман бисёр ҷолиб аст, лекин савол дорам

Саволҳои худро метавонед ба воситаи почтаи электронӣ ба суроғаи [email protected] равон кунед. Мо интизорем, ки саволҳо хело зиёд хоханд буд ва мо наметавонем ба ҳар яки он зуд посух диҳем. Бинобар ин мо рӯйхати саволҳои муҳимтаринро тартиб дода, ҷавоб мегӯем ва ба ҳама равон мекунем. Инчунин иловатан FAQ (FAQ – саволҳое, ки такрор ба такрор дода мешаванд) нашр мекунем.

Барои шиносоӣ:

Рӯйхати маводҳои дар марказ омода шуда, ки мавриди таваҷҷӯҳи мо қарор доштанд, ин ҷо нашр мекунем:

Духтаре, ки дар коркарди аввалин моҳвораи кайҳонии Қирғизистон ширкат дошт.

Ихтиёриҳо аз Душанбе дар пандемия ба табақаи мӯҳтоҷи ҷомеа кӯмак мекунанд.

Ҷавони фаъол, ки барои тоза ва эҳё кардани кӯли Алмато ҷамъити худро ташкил намуд.

Ҷавоне, ки мактаби барномасозиро барои кӯдакон дар Қирғизистон таъсис дод.

Пешвои ҳаракати велосипедронҳо дар Оши Қирғизистон.

Марде, ки бо фалаҷи мағзи сар худро дар варзиш ва моделсозӣ пайдо кард.

Фаъолоне, ки  дар Қирғизистон ва Қазоқистон барои ба фурӯш баровардани корҳои рассомон дар вақти пандемия платформа ташкил намуданд.

Хуб. Шакли бақайдгирӣ дар куҷост?

Каме болотар дар матн, вале инҷо низ метавонед ба қайд гиред.

Боз якчанд талаботҳои техникӣ оиди навор

Хусусиятҳои тавсифии навор: (Качественные характеристики видео)

  • Давомнокии навор аз 90 то 240 сония
  • Навор бояд дар шакли кепшн – навор омода шавад. Яъне дар навор ҳар як сухани гуфташуда, иловатан зернавис карда мешаванд.
  • Мусиқие, ки шумо барои замина  истифода мекунед, бояд дорои ҳуқуқи муаллифии кушода бошад. Ин ҷо маводест, ки ба Шумо дар ёфтани чунин оҳанг кӯмак мекунад.
  • Шумо бояд ҳуқуқи истифодаи наворро дошта бошед, беҳтар мебуд, ки онро худи шумо сабт карда бошед. Истифодаи наворҳои шахси сеюм иҷозат дода мешавад, вале он набояд аз 5 сония зиёд бошад.

Тавсифҳои техникии минималӣ.

– андозаи минималии навор – 1280х720 (HD)

– Ҳаҷми навор аз 500 МВ зиёд набошад

– Таносуби ҷанбаҳо – 1:1 ё 16:9.

– Сканкунии прогрессивӣ, бе сарҳад

–  Овоз – моно

Зарурӣ!

Лутфан, барои тамошои 5 видеои таълимӣ дар бораи чӣ гуна таҳия кардани видео (тақрибан 30 дақиқа), ки аз ҷониби Маркази шаҳрвандии Прага таҳия шудааст вақти худро ҷудо намоед. Ин Шуморо аз қисми зиёди хатоиҳо бозмедорад ва барои таҳия намудани навори хушсифат кӯмак мерасонад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
59 shares, -1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend