fbpx

Қосиди бемошин ва дучарха. Чӣ гуна муҳоҷирбачаи тоҷик карантинро дар Маскав паси сар кард?

Даврони донишҷӯйӣ, роҳ сӯйи муҳоҷират ва замони пандемияи COVID-19-ро Шукриддини муҳоҷир чӣ гуна сипарӣ кард?


0
Шукриддин ҳангоми қосидӣ бо дучарха

Шукриддин Худойбердиевро бад шудани шароити иқтисодияш маҷбур мекунад, то тарки таҳсил дар донишгоҳи олӣ намояд ва ба муҳоҷират равад. Ӯ дар муҳоҷират ба пандемияи COVID-19 рӯ ба рӯ мешавад. Зиёда аз як моҳ дар Маскав Шукриддин пиёда ба қосидӣ (курьер) машғул шудааст, чун маблағ барои харидории дучархаро надошт.

Қаҳрамон-муҳоҷири мо 22 сол дорад ва ӯ ба ин синни ҷавонӣ нигоҳ накарда саргузашти талхеро дар муҳоҷират аз сар гузаронида аст. Ӯ ба Your.tj аз саргузашти худ қисса кард.

Шукриддин замони карантин дар Москва қарор дошт ва он ҷо дар “Яндекс Еда” қосиди хӯрокрасон буд. Ин кори ягона ва манбаи даромади аксари муҳоҷирони Русия дар вақти карантин ба ҳисоб мерафт.

“Хӯрокрасонӣ низ кори доимӣ набуд ва як рӯз кору ду-се рӯзи дигар бекор будам, ҳатто се рӯз бепулу бехӯрока мондам. Маҷбур аз бепулӣ ва набудани дучарха, як моҳ пиёда хӯрокрасонӣ мекардам ва дар як рӯз аз 5 то 10 км зиёд роҳ мерафтам, ки ин хеле бароям душвор меафтод. Пас аз як моҳ дучарха харидам ва кори қосидиам касе осон шуд ва бо ҳамин ман то тамом шудани карантин дар Москва се моҳи дигар хӯрокрасонӣ кардам”, – нақл мекунад, Шукриддин.

Писари ягонаи хонавода ва орзуи ҳуқуқшиносӣ

Шукриддин дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Ӯ писари ягонаи хонавода аст ва як хоҳар дорад. Падараш муаллим Шарофиддин омӯзгори забони англисӣ дар мактаби миёна мебошад. Аммо бинобар кам будани маоши муаллимӣ ва шароити мушкили зиндагӣ дар деҳоти кӯҳистон, падари Шукриддин то замони муҳоҷир шудани писар худ низ мудом ба муҳоҷират рафта меомад.

Ҳуҷҷатҳои писари ягонаашро муаллим Шарофиддин ба орзуи идомаи таҳсил дар донишгоҳи олӣ ба Маркази миллии тестӣ месупоранд. Мехостанд, ки ӯ ба яке аз донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд дохил шавад, чун ба онҳо наздиктар ва бехавотир буд. Аммо Шукриддин ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дохил шуд ва акнун писари ягонаи оила дур аз падару модар танҳо дар пойтахт таҳсил мекард.

“Орзуи ҳуқуқшинос шуданро доштам ва мехостам ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шавам, аммо бинобар кам будани бали гирифтаам ба гурӯҳи шартномавии ихтисоси ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи молия дохил шудам. Соли аввал дар хобгоҳ ва соли дуввум ҳамроҳи ҳамдеҳагон дар иҷора менишастам ва мушкили молиявӣ бароям пеш намеомад, чун падарам он замон дар муҳоҷират буданд”.

Дар курси дуюм Шукриддин оиладор мешавад ва ҳамсарашро дар назди волидон гузошта, боз барои идомаи таҳсил ба Душанбе бар мегардад.

Шукриддин бо дӯсташ дар донишгоҳ

Ҷарроҳии падар ва роҳ суйи муҳоҷират

Шукриддин мехост донишгоҳро бо ихтисосаш хатм намуда, дар Тоҷикистон аз рӯйи касбаш фаъолияту зиндагӣ намояд, аммо ин тавр нашуд. Соли 2019 ахирҳои ҷамъбастии соли дуюми таҳсил падари Шукриддин, ки он вақт аз муҳоҷират ба Ватан баргашта буд, ҷарроҳӣ мешавад ва ин боис мегардад, ки ӯ нақшаи ояндаашро тағйир диҳад.

“Падарам дар деҳа ҷарроҳӣ шуданд ва ман худ дарк кардам, ки додом дигар Русия рафтанашон мушкил аст ва гуфтам, “ҳеҷ куҷо дигар намеравед ва ман худам меравам”. Зеро акнун оилаамон аз манбаи асосии даромад, ки муҳоҷират буд, маҳрум монд ва дар баробари ин ман акнун оиладор будам ва ин масъулияти таъмини минбаъдаи хароҷоти хонаводаро бароям дучанд кард. Ба роҳбарияти донишгоҳ ариза навиштам, ки мехоҳам як сол таҳсили академӣ гирам ва роҳ сӯйи муҳоҷират пеш гирифтам.

Зимистони соли 2019 ба шаҳри Красноярск сафар кардам ва онҷо пас аз даводави ҳуҷҷатнигорӣ ва гирифтани патент ва гузоштани қайди иқомат дар сохтмони як деҳот ба кор даромадам. Кор бароям хеле душвор афтид, чун бояд мо саҳари соати 6 аз хоб мехестему саросемавор чизе хӯрда сару либосро пӯшида ба кор то соати 8 ҳозир мешудем. Кори сохтмон хеле вазнин аст ва болои ин хунуки зимистон ва лою барфро зер карда ин тарафу он тарафи сохтмон ҳаракат кардан балои дигар буд”, – нақл мекунад, муҳоҷирбача.

Шукриддин дар муҳоҷират

Шукриддин забони русиро хуб намедонист, аммо ӯ ҳамроҳи тоҷикон кор мекард ва кӯмакаш мекарданд. Вале аз тарафи дигар вай соҳиби касби наве мегардад. Ба нақли муҳоҷир, дар сохтмони онҳо тракторҳо буданд, лекин ронанда надошт ва касе истифода бурда наметавонист ва аз ҷониби дигар кори муҳоҷиронро истифода набурдани трактор дучанд мекард. Бинобар ин ба Шукриддин як марди рус рондану кор фармудани тракторро меомӯзад. Вай ронадани тракторро зуд ёд мегирад ва бо ҳамин соҳиби касб – ронанда мегардад ва кори вазини сохтмон бо истифодаи трактор сабук мегардад.

Як шаби бехонагӣ дар Красноярск

Ба Шукриддин соли аввали муҳоҷирӣ ва кор дар шаҳри Красноярск душвор афтид ва ӯ он ҷо саргузашти фаромӯш ношуданиеро паси сар кардааст.

“Рӯзе пас аз кор бегоҳӣ ҳамроҳи бачаҳо ба хона баргаштем, ки калиди хонаро касе гум кардааст. Кофтем наёфтем ва бачаҳо маслиҳат карданд, ки имшаб ҳар кас ба худ ҷойи хоб ёбад ва маро гуфтанд, “дӯсте ё хеше дорӣ, ки як шаб дар хонааш хоб кунӣ?” ва ман дурӯғ гуфтам, ки дорам. Ҳама пароканда шуданд ва хонаи дӯстонашон рафтанд, аммо ман дар кӯча танҳову бе ҷойи хоб мондам. Ростӣ ҳайрон шудам, ки дар ин шаби торик ва ҳавои хунуки зисмистон куҷо равам. Ба назди истгоҳи мағозаи 24-соата рафтам ва он ҷо шаби зимистонро бедор рӯз кардам. Бегоҳи рӯзи баъдӣ ҳамхонаамон қулфро нав кард ва мо вориди хона шудем”.

Худойбердиев пас аз гузашти муддате ба Тоҷикистон бармегардад ва ба кори хоҷагӣ машғул мешавад. Баъд аз шаш моҳи бекорӣ дар Ватан тасмим мегирад, ки боз Русия баргардад, аммо ин дафъа ба Москва меравад.

Шукриддин ҳангоми кор дар сохтмон

Карантини Москва ва қосиди хӯрокрасон

Якумин кори анҷомдодаи Шукриддин дар Москва ин гирифтани ҳуҷҷати ронандагии “тракторчӣ” аст. Акнун ӯ дигар ҳамчун ронандаи трактор дар сохтмонҳо кор мекард ва ин барояш осон ва маоши хуб дошт. Вале кори осон ва даромади хуби муҳоҷирбача дер давом накард ва пас аз се моҳи фаъолият дар Москва коронавирус ҳамаҷоро фаро гирифт ва давраи пандемия дар сартосари Русия оғоз гардид.

Шукриддин бо ҳамкурсон дар хобгоҳ

“Ҳамроҳи хешовандон дар иҷора менишастем ва коре барои машғул шудан дар он шабу рӯз дар Русия, хусусан Москва набуд. Бепулӣ ва гуруснагӣ одат шуда буд, аммо он замон танҳо ширкатҳои хӯрокрасон хеле фаъол буданд ва ман ба ҳайси қосид корро дар “Яндекс Еда” оғоз кардам. Бо ҳамин, то тамом шудани карантин дар Москва се моҳи дигар хӯрокрасонӣ кардам”.

Баъди карантин ва боз шудани сарҳадҳо Шукриддин ба Тоҷикистон бармегардад ва ин бор низ шаш моҳ дар Ватан мемонад. Ӯ дар ин вақт аллакай соҳиби духтарча шуда буд.

Роҳи номаълум ва орзуи муаллимӣ

Баъдан ӯ бори савум ба Русия меравад ва аз моҳи майи соли ҷорӣ ӯ дар Москва қарор дорад. Ба гуфти муҳоҷирбача ӯ дар гармо ҳамроҳи хешовандон ба корҳои сохтмонӣ машғул мешавад ва дар зимистон аз рӯйи касби омӯхтааш ронандаи трактор кор мекунад. Шукриддин мегӯяд, ки ҳоло роҳи минбаъдаи ҳаёташро муайян накардааст.

“Ростӣ, ҳоло намедонам, ки минбаъд чӣ кор кунам. Лекин нақша дорам, ки вобаста ба вазъияти рӯзгор таҳсил дар донишгоҳро идома диҳам ва касбамро иваз карда муаллими мактаб шуда дар деҳот кору зинданӣ кунам”, – мегӯяд, Шукриддин.

Нуралӣ Карим

Ин мавод дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмиллалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудаааст, омода гардидааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend