Таомҳои миллие, ки аз гузаштагон мондаанд, дар оташдон омода мешуданд. Хӯроке, ки дар оташ тайёр мешавад, бо таъми махсуси фаромӯшнашаванда фарқ мекунад.
Барои пухтани оши туппа хамирро ба шакли чоркунҷаҳои тунук мебуранд. Чӣ тавр пухтани оши туппа дар оташро сокини деҳаи Бахмали ноҳияи Ашт Муқаддас Пулотова нишон медиҳад ва нақл мекунад.
Боиштиҳо бошед!