fbpx

“Оши Исфара” дар Москва. Чӣ тавр соҳибкори тоҷик дар Русия чойхонаи миллӣ кушод?

Дар ин чойхона тамоми хӯрокҳои миллии тоҷикиро дарёфт кардан мумкин.


3
3 points
Ин ва дигар аксҳо аз бойфгонии Фахриддин Қурбонов

Фахриддин Қурбонов соҳибкори тоҷик аз Исфара дар Маскав  чойхонаи “Оши Исфара” кушодааст, ки алакай 2 сол аст фаъолият мекунад. Замони кушодашавии ин ошхона ба давраи хуруҷи коронавирус ва карантини сартосарӣ дар Маскав рост омад. Аммо Фахриддин руҳафтода нашуд ва бо роҳи бурдарасонӣ (доставка) фаъолият кард. Дар ин ошхона тамоми хӯрокҳои миллӣ аз ош то мантуву самбӯса омода мекунанд, то ки муҳоҷирон омада лаҳзае худро дар ватан эҳсос кунанд.

Оид ба таъсиси Чойхонаи “Оши Исфара” ба Your.tj Фахриддин Қурбонов қисса кард.

Тавре ӯ нақл кард, мақсад аз кушодани чунин як чойхона аввалан баланд бардоштани номи ватану зодгоҳ ва шиносонидани таомҳои миллии тоҷикӣ. Баъдан фароҳам овардани муҳит ва хӯроҳои тоҷикона барои муҳоҷирон, мебошад.

Тиҷорат дар давраи пандемия

Аслан ба гуфти қаҳрамони мо, чойхонаи “Оши Исфара” аз ҷониби соҳибкори дигаре соли 2018 таъсис ёфта буд, аммо баъдан аз фаъолият монд. Бо шарофати Ҳоҷӣ  Фахриддин чойхонаи мазкурро дубора фаъол карданд.

“Ман бо нияти баланд бардоштани  номи зодгоҳ дар Русия хостам, ки чойхонаи “Оши Исфара” – ро дубора зинда кунам. Албтта, ман дар аввал таҷрибаи ошхонадорӣ надоштам. Хушбахтона, бо мадади Худо ва ҳамватанон тавонистам, ки чойхонаи “Оши Исфара” – ро боз зинда кунам. Тамоми ошпазҳо ва кормандони чойхона ҳамватанони худамон ҳастанд. Сарошпазҳои машҳуртаринро аз Исфара овардем”, – мегӯяд, Ҳоҷӣ Фахриддин.

Чун дар пас аз чанд моҳи фаъолият дар Русия карантини сартосарӣ оғоз шуд. Масъулони ин чойхона кӯшиш карданд, ки фаъолияташонро қатъ накунанд ва ба таври бурда расонидан корро идома доданд.

“Кормандони ҷавони мо пешниҳод дода буданд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи чойхонаро фаъол кунем, ман розӣ шудам. Ин ба кори  мо дар давраи карнтин кӯмак расонд. Муштариён тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дархост мекарданд мо бурда мерасонидем. Ба ҳамин васила то анҷоми карантин фаъолият кардем”, нақл мекунад, муассиси “Оши Исфара”.

Пас аз бартараф шудани карантин, Ҳоҷӣ Фахриддин ба кори чойхона донишҷӯёни тоҷикро низ ба кор ҷалб кардааст, то ки ақалан барои рӯйпуш кардани хароҷотҳои рӯзонаашон маблағ ба даст биёранд.

Оши исфарагиро чӣ хел мепазанд?

Тавре муассиси “Оши Исфара” мегӯяд барои сирф оши исфарагӣ пухтан онҳо биринҷу равғанро низ аз Исфара меоранд. Дар  ин чойхона беш аз 35 нафар ошпази тоҷику ӯзбек ва ёварони онҳо  кор мекунанд. Дар “Оши Исфара”, асосан, оши исфарагӣ ва  самрақандию фарғонагӣ  мепазанд. Ба ғайр аз оши палав, дар ин ҷо  боз   сихкабобҳои хуҷандӣ, қурутоб, лағмон ва дигар хӯрокҳои машҳури миллиро омода менамоянд.

Бакрои сирф оиши исфарагӣ пухтан Ҳоҷӣ Фахриддин биринҷу равғанро низ аз Исфара меорад.  Агар рӯзона  муштариён зиёд шаванд, ошпазон  то 70-80 кг биринҷро ош мекунанд.

“Аслан, мо аз рӯйи хоҳиши мизоҷон ошро бо ҳар намуди биринҷҳо, бо гӯштҳои гову гӯсфанд, аспу моҳӣ, мурғу бедона, бо равғани дунбаю зағир ва  офтобпараст ҳам тайёр мекунем. Албатта, барои хоҳишмандон  оши исфарагиро танҳо бо биринҷи девзира, ки дар замини соҳили дарёи Исфара парвиш мешавад, мепазем. Дар ин намуди ош аз равғани зағири Исфара, ки  (махсус бо иловаи равғанҳои чормағз ва мағзи зардолую шафтолу ва  ғайра) омода мешавад, истифода мекунем ”, – мефаҳмонад Ҳоҷӣ Фахриддин.

“Мо як оила ҳастем” – шиори кормандони “Оши Исфара”    

Ҳоҷӣ Фахриддин на танҳо муҳоҷирони тоҷикро бо оши ватанӣ таъмин карда тиҷораташро пеш мебарад, балки кӯшиш мекунад, ки муҳоҷирону донишҷӯёни корҷӯро бо ҷои корӣ таъмин кунад. Ӯ мегӯяд, ки чанде аз кормандони эҳтиёҷмандашонро бо ҷои зист таъмин намудаанд. Ӯ кӯшиш мекунад, ки тими кориаш тифоқ ба мисли як оила бошанд ва дар ҳалли мушкилоти якдигар саҳмгузор шаванд.

“Барои ман ташкил кардани гурӯҳи кории тифоқу аҳл хеле  душвор буд. Аксари  когаронро бо хобгоҳ таъмин кардем. Ошпазҳои мо калонсолон мебошанд. Ёварони ошпазҳо ва  пешхизматҳо донишҷӯёнанд, ки дар вақти холигиашон  омада кор мекунанд. “Мо як оила ҳастем!” – чунин аст шиори коргарони ман. Агар мо 35 нафар корманд  аҳл нашавем, кор ҳаргиз  пеш намеравад”, – ба ин бовар аст роҳбари “Оши Исфара”.

Як лаҳза дар Тоҷикистон 

Тавре Ҳоҷӣ Фахриддин нақл мекунад, ба меҳмонҳои доимии “Оши Исфара” аз ошу хӯрокҳои лазиз дида, муомилаи неки кормандон писанд омадааст. Ҳар гоҳи меҳмон шудан онҳо аз хушмуомилагӣ ва меҳмондӯстии тоҷикона баҳравар мешаванд, ки дар кам ҷойи Маскав метавон чунин фазоро дарёфт.  Акнун ба ин чойхона на танҳо тоҷикон балки намояндагони дигар халқиятҳо низ меоянд.

“Бале, чойхонаи мо як гӯшаи Ватан аст. Ҳамватанони мо аз тамоми гӯшаву канори кишвар, ки дар Русия қарор доранд ба ин ҷо омада, оши палаву қурутоб ва дигар хӯрокҳои миллӣ  мехӯранду  мегӯянд, ки худи Тоҷикистон рафтагӣ барин шудем.

Меҳмонони хориҷӣ ҳам ба чойхонаи мо меоянд. Оши мо ба бисёр халқиятҳо хуш омадааст. Бисёр вақт як хориҷӣ аввал худаш меояд, баъдан бо ҳамроҳонаш. Хусусан, толори калони мо рӯзҳои шанбе ва якшанбе серодам мешавад.

Чанд рӯз пеш ҷавони русе ҳамроҳи кӯдакаш барои ошхӯрӣ  омада буд. Баъди ошхӯрӣ кӯдак маро фарёд карда чунин гуфт: “Теперь ты мой друг!”. Ман чаро гуфта пурсидам. Ӯ гуфт: “У тебя лучший плов!”. Магар хушбахтӣ аз ин беш мешавад?”, – нақл мекунад, Фахриддин.

Дар чойхонаи “Оши Исфара” муаҳоҷирон аз вилояти Суғд анъанаи қадимии худро, ки “гап” мегӯянд ташкил мекунанд. Аз рӯи анъана мардон бо навбат дӯстонро ба хонаи якдигар барои хӯрдани ош ва суҳбат даъват мекунанд. Чун дар Русия на ҳама имкони ба хона даъват кардани дӯстонро доранд, гапро дар чойхонаи “Оши Исфара” ташкил мекунанд.

Қаҳрамони мо, 9 – уми майи соли 1968 дар оилаи серфарзанд ба дунё омадааст. Ӯ дар замони мактабхонӣ мисли падараш орзуи ронанда шудан дошт. Ӯ, албтта, ронанда шуд, вале боз ба дигар  хостаҳояш  низ ноил шуд. Ин ҳамаро вай аз дуои падар медонад.

“Падарам дар колхоз ронанда шуда кор мекарданд. Модарам бо тарбияи фарзандон машғул мешуданд. Ман мактаби миёнаи рақами 31 – и ҷамоати Навгилемро хатм кардаам. Аз овони мактабхонӣ дар хишоваю пахтачинӣ ва зардолучинӣ ба волидонам кӯмак мекардам.

Баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи аграрии Маскав ба номи К.А.Тимирязев (РГАУ -МСХА) дохил шудам. Вақте соли 1993 Донишгоҳро хатм кардам, ба Ватан баргаштам. Пас аз чанд вақт падар ва бародари калонӣ барои ба Русия рафта, ризқу рӯзи ёфтан дуои роҳ доданд.  Дуои падару модарро гирифта, соли 1993 ба Маскав омадам. Корро ҳамчун аз соҳибкори хурд сар кардам. То соли 2018 бо савдои меваи хушк машғул будам. Аз ин кор хаста шудам. Дар ин байн 2 сол истироҳат карда, ба сайри ҷаҳон баромадам. Аз соли 2020 ба кори чойхонаи “Оши Исфара” банд шудам.  Хулоса, муваффақ шудан ба дууои падару модар сахт вобаста аст”, – мегӯяд Ҳоҷӣ Фахриддин Қурбонов.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

3
3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
16
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
3
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend