Ошиқи кӯҳҳо. Чӣ хел ҷавони тоҷик ба кӯҳҳо дил баст ва дигаронро аз паси худ бурд

Сорбон Ашӯров ошиқи кӯҳҳост ва ӯ ба дигарон низ ӯ ин ҳунарашро талқин мекунад ва меомӯзад. Падар доимо дастгири фарзанди кӯҳнавардаш аст, аммо модар ҳеҷ натавонист, ки касби писарро қабул кунад. Ӯ аз Сорбон доимо хоҳишу илтимос мекунад, ки аз касби интихоб кардааш даст кашад.

Сорбон яке аз камтарин ҷавонони тоҷикест, ки кӯҳнавардиро пеша кард ва ошиқи он шуд. Ӯ ба Your.tj аз хатару ҷолибияти кӯҳнавардӣ қисса кард.

Сорбон 28 сол дорад ва мураббии Муасисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии махсус оид ба варзиши обӣ аст. Ӯ дар ин муассиса ба 14 нафар шогирдонаш кӯҳпаймоӣ меомӯзонад. Қаҳрамони мо шогирданашро ҳар рӯзи истироҳатӣ ба кӯҳҳои Варзоб мебарад ва онҳоро бо нозукиҳои кӯҳнавардӣ ошно месозад.

“Ман 14 нафар шогирди аз 10 то 30 сола дорам. Бо онҳо дар муассиса 5 рӯз машқ мекунем ва рӯзҳои истироҳатӣ ба кӯҳҳои Варзоб мебароем, ки баландияшон то 4000- 4200 метр мебошанд. Ба ғайр аз ин ҳафтае як маротиба то 5 километр роҳ медавем. Дар кӯҳҳо баъзан вақт то ду шабонарӯз меистем. Ба ин васила ҳам шогирдонам истироҳат мекунанду ҳам кӯҳнавардӣ меомӯзанд”-, нақл кард, қаҳрамони мо.

“Қариб буд зери барф монем…”

Қаҳрамони мо бо ширкати сайёҳии Авантур низ ҳамкорӣ дорад ва баъзан ӯро роҳбалади сайёҳони хориҷӣ таъйин мекунанд. Моҳи июни соли ҷорӣ Сорбон бо ду сайёҳи олмонӣ ба қуллаи “Энергия”, дар кӯҳҳои Фони Панҷакент ҷойгир асту баландиаш 5120 метрро ташкил медиҳад, баромаданд ва қариб буд ки зери барф мемонданд.

“Моҳи июн вақте водиҳо 40 дараҷа гармӣ доштанд, қуллаи “Энергия”-ро зимистони қаҳратун фаро гирифта буд. Ман албатта шод шудам, ки маро ба сайёҳони олмонӣ роҳбалад таъйин карданд, аммо ҷони ман ва сайёҳон чандин маротиба зери хатар монд.

Пас аз фатҳи қулла ҳангоми бозгашт аз боло барфпораҳои калон бо шиддат ба замин мефаромаданд. Мо низ зиракиро ба кор бурда, худро аз пеши роҳи барфпораҳо дур мегирифтем, хушбахтона саёҳатамонро бо мувафақият анҷом додем ва касе зарари ҷисмонӣ надид”, – нақл мекунад, Сорбон.

Кӯҳнавард бояд сангҳоро омӯзад

Сорбон мегӯяд, ки ҳар шасе, ки бори аввал ба кӯҳ мебарояд, ҳатман ӯро ҳисси тарс фаро мегирад. Пас аз ду-се маротибаи фатҳи қуллаҳо аллакай тарс гум мешавад.

Ба гуфтаи вай кӯҳнавард бояд сангҳоро омӯзад, то ки ҳангоми ба ҳолатҳои фавқулода дучор омадан, мустақилона худро наҷот дода тавонад.

“Масалан бояд қуввати сангҳоро эҳсос кунӣ, ки он то кадом андоза боқувват аст ва вазни туро мебардорад, зеро на ҳама сангҳо вазни зиёдро бардошта метавонанд.

Боре ман дар баландӣ будам, ногаҳон бандам канда шуду афтидам, то ба замин задан тақрибан 3 метр монда буд, ки бандам дар куҷое дармонд ва ман наҷот ёфтам”,- гуфт, Сорбон.

Модар зидди кӯҳнавардӣ, аммо писар ошиқи он

Пурхатарии кӯҳнавардиро дида модари Сорбон доим истодагарӣ мекунад, ки ӯ аз ин кор даст кашад. Аммо Сорбон алакай ошиқи кӯҳҳост ва намехоҳад аз онҳо ҷудо шавад. Ӯ аз хурдӣ мехост гуштигир шавад, аммо баъдан ба кӯҳнавардӣ дил баст.

Сорбон Ашӯров зодаи ноҳияи Ҳисор аст. Дар хурдсолӣ доим бо бачаҳои ҳамсоя гуштигирӣ мекард ва ғолиб меомад. Дар дил орзуи қаҳрамони ҷаҳон шудан дошт. Пас аз хатми мактаб ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ бо ихтисоси гӯштигирӣ месупорад.

Аммо дар тахтаи натиҷаҳои имтиҳонот номашро зери ихтисоси кӯҳнавардӣ мебинад. Ҳарчанд кӯшиш мекунад, ки ба ихтисоси гуштигирӣ интиқолаш бидиҳанд, вале бенатиҷа. Ӯ маҷбуран дар риштаи кӯҳнавардӣ таҳсил мекунад, аммо пас аз якчанд сайёҳати кӯҳӣ зуд ба он дил мебандад.

Пас аз хатми донишгоҳ Сорбон аввал ба шустушӯйи тирезаҳои биноҳои баландошёна машғул мешавад. Ӯ бо рафиқонаш бар ивази шустани як бино 15 ҳазор сомонӣ музд мегирифтанд. Чун корашон хеле хатарнок буду байни маргу зиндагӣ танҳо як ресмон меистод.

Сипас ба Сорбон устодаш Алиаҳмад Мусоев пешниҳод медиҳад, ки мураббӣ шавад. Инак чор сол мешавад, ки қаҳрамони мо ба шогирдонаш варзиши шухпаймоӣ ва кӯҳнавардӣ меомӯзад.

Тавре Сорбон мегӯяд падараш ӯро доимо дастгирӣ мекунад, аммо ӯ ҳеҷ дили модарро ёфта наметавонад.

“Модарам доим ба ман занг зада меистад. Агар камтар дер ҷавоб диҳам хавотир мешавад. Баъзан вақт дар кӯҳҳо мавҷи алоқа гум мешавад. Ҳамин, ки мавҷ пайдо шуд, аввалин шуда ба модарам занг мезанам. Ҳар гоҳе ба кӯҳ баромаданӣ мешавам, модарам мегӯянд, ки ин охирин маротиба бошад. Аммо ман аз роҳам гашта наметавонам”, – мегӯяд, Сорбон.

Сорбон мегӯяд, ки ҳар гоҳе ба кӯҳ мебарояд барои худ ҷаҳони дигареро кашф мекунад. Қаҳрамони мо оромиши зиндагиро дар кӯҳҳои сарбафалаккашида дарёфтааст.

Аминҷон Раҳматзода

Skip to toolbar