Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. Чанд нафар кушта шуд

3 феврал дар муассисаи ислоҳии рақами 3/2-и шаҳри Ваҳдат 9 нафар маҳбус ошӯб бардоштанд. Дар натиҷа 3 маҳбус кушта ва 3 корманди зиндон захмӣ шуданд, хабар дод Вазорати адлияи Тоҷикистон.

Дар хабар гуфта мешавад, маҳбусон бо истифода аз асбобҳои худсохти халандаю бурранда, ба нигаҳбонони муассисаи ислоҳотӣ ҳуҷум кардаанд.

“Маҳбусон ба талаботи қонунии маъмурияти муассиса итоат накарда, бо истифода аз кордҳои худсохти оҳанини нӯгтез ва халанда, аъмоли ҷинояткоронаи худро бидуни даъвою шартгузорӣ давом доданд ва талош карданд, ки сарбозони ҳифозатии муассисаро ба қатл расонида, фирор намоянд”,- менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, муҳофизон маҷбур шуданд, ки муқобили онҳо аз силоҳи оташфишон истифода баранд.

“Дар натиҷа, 3 ҷинояткор безарар ва боқимондаи онҳо дастгир карда шуданд”-, омадааст дар хабар.

Дар хабари расмӣ аз маҳбусони кушташуда ном бурда нашудааст. Тибқи маълумоти дарёфтӣ шумораи маҳбусони кушташуда назар ба хабари расмӣ бештар мебошанд. Номи ҳафт нафари онҳо расонаӣ шудааст.

Ному насаби онҳо Ҳасанов Суҳроб Сафармадович, Ҳасанов Ҷамолиддин Камолиддинович, Тилабов Али Тилабович, Орузев Шаҳзод Ҷамшедович, Бурҳонов Шуҳрат Муҳамадиевич, Ҷураев Маҳмадшариф Бобомуродович, Давлатов Фарҳод Саймаҳмадович мебошад.

Расонаҳо навистанд, ки ошӯбгарон эҳтимол аъзоёни гурӯҳи террористии ДОИШ буданд.

Ба иттилои манбаъ, ба захмбардоштагон саривақт ёрии тиббӣ расонида шуда, вазъи саломатии онҳо муътадил арзёбӣ мегардад.

Гуфта мешавад, низоми нигаҳдошт ва ҳимояи муассиса пурра барқарор гардид.

Ёдовар мешавем, ки шаш сол пеш 19 майи соли 2019 дар шаҳри Ваҳдат дар ҳамин зиндон ошӯб сар зада буд. Дар натиҷаи он се муҳофизи зиндон ва 29 маҳбус кушта шуданд. ДОИШ созмонии террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон баъдан масъулияти ин ҳамларо ба уҳда гирифта буд.

Барои ташкили ошӯб Суди олии Тоҷикистон муҳлати ҳабси 28 маҳбуси муассиса дар Ваҳдатро дароз кард.

Skip to toolbar