fbpx

“Қорӣ Ишкамба”-и бузург. Чанд хотирае аз ҳаёти ҳунарманди машҳури тоҷик Зоҳир Дӯстматов

Наздикони Зоҳир Дӯстматов нақл мекунанд, ки ӯ барои rвоқеӣ баромадани нақаши Қорӣ Ишкамба саломатӣ ва нерӯву қувваи зиёд сарф кардааст.


0
Кадр из фильма "Смерть ростовщика"

Имрӯз 10 феврал ҳунарманди бузурги тоҷик, Зоҳир Дӯстматов, ки нақши Қорӣ Ишкамбаро дар филми машҳури «Марги судхӯр”  бозидааст, 108 сола мешуд.

Духтари ин ҳунарманди зиндаёд Матлуба Дӯстматова ба Your.tj   аз лаҳзаҳои ҷолиби банаворгири филми Марги судхӯр нақл кард.

Зоҳир Дӯстматов – ҳунарпешаи даврони шӯравии театр ва синамои тоҷик, коргардони театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон аст. Вай дар рушди санъати Тоҷикистон хиссаи калон гузоштааст, ва номи ӯ на танҳо дар ватан балки берун аз он маҳур аст.

Зоҳир Дустматов 10 – уми феврали соли 1914 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст.

Дустматов соли 1941, дар огози Чанги Бузурги Ватанй хатмкунандаи аввалин студияи точикии Институти давлатии санъати театрии ба номи Луначарский (ГИТИС) дар Москва, гардид. Ӯ донишкадаро бо типломи аъло ва  як бвҳои 4 хатм намуда унвони беҳтарин хатмкунандаи солро гирифт.

Портрети ӯ дар баробари мураббиён то ҳол дар Галереяи машҳури Третьяков гузошта шудааст.

“Падарам дар таҳсил ба ман доимо кӯмак мекард. Дар тамоми умри худ ман то ҳол шахсеро надидаам, ки сатҳи саводашро бо дониши падарам муқоиса кардан мумкин бошад”, – мегӯяд духтари актёри маъруф Матлюба Зохировна.

Махорати Зохир Дӯстматов хамчун актёр гуногун б

Акс аз филми “Марги судхӯр”

уд, ӯ ҳам нақшҳои драмавӣ ва ҳам ҳаҷвиро бо маҳорати баланд ичро мекард. Аз ҳама барҷастатарин нақше, ки Дӯстматов онро дар сатҳи олӣ офаридааст – ин нақши машҳури судхӯре бо лақаби Қорӣ Ишкамба – қаҳрамони достони «Марги судхӯр» – и Садриддин Айнӣ, аз рӯи соли 1966 режиссёри бузург Тоҳир Собиров филм ба навор гирифта буд.

Ӯ ба нақши Қорӣ Ишкамба одат кард

Наздикони Зоҳир Дӯстматов нақл мекунанд, ки ӯ барои таҷассум шудан ба қаҳрамонаш саломатӣ ва нерӯву қувваи зиёд сарф кардааст.

“Бозидани нақши Кори Ишкамба осон набуд. Ёд дорам, замоне, ки падарам ба ин нақш «одат» карда буд, рӯзе пас аз наворбардорӣ як марди бегона бо ороиш, костюм ва риши қалбакӣ бо гурӯҳи наворбардорон дар микроатобусе ба хонаи мо барои хӯроки нисфирӯзӣ омад ва то охир бо ҳамон сару либос нишаст. Он вақт ман хурд будам ва падарамро тамоман нашинохтам. Дар ёд дорам, ки чӣ қадар ҳайрон будам, ки чаро падар бо ҳамкоронашон нестанд”, – ба ёд меорад духтараш.

Матлуба мегӯяд, солҳои охир вазъи саломатии падараш хеле бад буд. Масалан, хангоми наворбардорй дар Бухоро бригадаи ёрии таъчилй дар он чо доимо навбатдор буд.

Зоҳир Дӯстматов ба нақш чунон одат кард, ки на саломатӣ, на қувва ва на эҳсосоташро дареғ надошт. Ҳангоми наворбардорӣ фишори ӯ зуд-зуд аз ҳаяҷон ва ҳассосияти зиёд баланд мешуд. Ӯ мехост нақшашро воқеӣ бибозад.

«Вақте падарам, яъне «Кори Ишкамба» ба бонк омад ва мувофиқи сенария мебоист чойи бепул бо миқдори зиёди шакар менӯшид, сахт нафас мекашид. Дар асл, падарам диабети қанд дошт, ӯ ҳеҷ гоҳ ширинӣ намехӯрд, бинобар ин сулфааш дар ин эпизод комилан воқеӣ буд. Дар сценария чунин чизе набуд, аммо ба режиссёр он қадар писанд омад, ки онҳо ин саҳнаро ба филм ворид карданд “, – мегӯяд духтари ҳунарманд.

Акс аз филми “Коваи оҳангар”

Матлюба Зоҳировна ҳамчунин двр бораи чӣ тавр ба ин филми машҳур ворид шудани оши пухтааш нақл кард.

«Ман ба шарофати падарам ошпази хӯрокҳои гуногун шудам. Худи ӯ ошпази олӣ буд ва муҳаббаташро ба таомҳои миллӣ ба ман дод. Палаверо, ки пиронсолон дар яке аз қисматҳои филми «Марги судхур» хӯрда буданд, ман бо дасти худам пухтаам. Бо нақл кардан хушбатии падарамро тасвир кардан наметавонам ӯ он лаҳзаҳо бо ман ифтихор мекард”, – мегӯяд духтари ҳунарманд.

Ба гуфтаи ӯ, Зоҳир Дӯстматов оиларо дар мади аввал мегузошт. Ӯ худро комилан ба эҷодкорӣ бахшид, аммо ҳеҷ гоҳ оилаашро фаромӯш намекард. Хӯроки нисфирӯзӣ ва шоми ҳатмӣ бо оила ва дӯстони наздик қисми ҳаёти ҳаррӯзааш буданд, ки ҳеҷ кас ҷуръати вайрон кардани онро надошт.

Оилаи Дӯстматовҳо. Чойник дар даст дар миёна Зоҳир Дӯсматов, канори ӯ модар ваҳамсараш. Пас аз модараш писари хурдӣ. Канори ҳамсарам духтари калонӣ. Аз кунҷ аз тарафи рост Матлуба Зоҳировна ва додараш.

То имрӯз фарзандон ва наберагону абераҳо бо бобои номдори худ фахр мекунанд.

Зоҳир Дӯстматов яке аз дурахшонтарин ситорагони синамои Тоҷикистон аст ва насли калонсол то ҳол аз ӯ ёд мекунанд ва филмҳои ӯро тамошо мекунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
6
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend