Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:2506.10.2025
Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳия гардида, дар баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қарор дорад.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илм, ҳадафи асосии ин қонун, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, таъмини ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти касбӣ ва ҷалби омӯзгорон ба соҳаи маориф мебошад, менависад АМИТ "Ховар".
Лоиҳа аз 6 боб ва 16 модда иборат буда, дар он чунин самтҳо пешбинӣ шудаанд:
Тибқи лоиҳа, барои омӯзгорон шароити мусоиди корӣ ва иҷтимоӣ, махсусан дар деҳот, бояд фароҳам оварда шаванд. Ҳамчунин, барои ҷалби ҷавонон ба омӯзгорӣ, як қатор имтиёзҳои муҳим пешниҳод шудаанд:
Дар лоиҳа таъкид шудааст, ки санҷиш ва назорати фаъолияти омӯзгор танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳаи маориф анҷом дода мешавад. Инчунин, давлат барои ҳифзи саломатии омӯзгорон чораҳои зарурӣ меандешад.
Аз рӯи моддаи 6, омӯзгор уҳдадор аст, ки хонандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин эҳтиром ба падару модар ва атрофиён тарбия намояд.
Мақомоти масъул мегӯянд, ки қабули ин қонун заминаи устувори ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва ҷалби кадрҳои шоиста ба мактабҳо хоҳад шуд.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад