Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон амали терористии Шоҳчароғро маҳкум кард. Вале дар хусуси даст доштани шаҳрванди кишвар дар ин ҳодиса аз ҷониби Эрон ягон дархости расмӣ нашудааст, гуфт Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ зимни нишасти матбуотӣ.
“Ба мо ҳанӯз аз ҷониби Эрон ягон маълумоти расмӣ вобаста ба ин ҳодиса пешниҳод нашудааст. Мо ҳам мисли шумо онро аз дигар манбаъҳои иттилоотӣ хондем. Ҳодисаи терористӣ дар Шоҳчароғро мо шадидан маҳкум менамоем. Дар зимн ба наздикони фавтидагон сабри ҷамил ба ҷабридидагон шифои комил мехоҳем”,- изҳор дошт вазир.
Ӯ гуфт Тоҷикистон тайёр аст, дар ин мавзуъ бо кишвари Эрон ҳамкорӣ намояд.
Вазир бар ин бовар аст, ки амали терористии Шоҳчароғ ягон зарар ё таъсире ба муносибатҳои Тоҷикистону Эрон намерасонад.
“Муштаракоти таърихиву фарҳангӣ ва дигар пайвандҳои ногусастанӣ бештар аз он аст, ки кадом як омили терористӣ ба он таъсир дошта бошад”, – таъкид кард Сироҷиддин Муҳриддин.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Ёдовар мешавем, ки ду рӯз пеш ба масҷиди Шоҳчароғ воқеъ дар шаҳри Шерози Эрон ҳамла сурат гирифт. Тибқи иттилои мақомоти Эрон дар пайи ин ҳодиса ду нафар кушта ва 7 кас маҷруҳ шуданд.
Мақомоти Эрон ҳашт нафарро бо гумони даст доштан дар ҳамлаи террористӣ боздошт кардаанд. Додситони вилояти Форс хабар медиҳад, ки ҳамаи боздоштшудаҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни бозпурсӣ яке аз иштирокдорони ҳамлаи террористӣ худро шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ кардааст.
Ин аввалин ҳамла ба масҷиди Шоҳчароғ нест. Моҳи октябри соли 2022 дар масҷид тирпарронӣ рух дод, ки муттаҳами асосии он шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон Комрон Субҳон дониста шуд.
Вай чанд рӯз пас аз ҳамла бар асари захмҳои ҳангоми боздошт бардоштааш дар бемористоне дар ҷануби Эрон даргузашт.