Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд

Ҳар сол дар сардиҳои зимистон дастрасӣ ба низомӣ гармидиҳӣ ба як мавзӯи доғ табдил меёбад ва гоҳе бархе сокинон аз наомадани оби гарм ба манзилҳояшон шикоят мекунанд.

Шодмон Раҳмонзода, директори муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба “Ҷумҳурият” гуфтааст, имсол дар мавсими зимистон бо гармӣ таъмин намудани 3 ҳазору 300 иншоотро ба нақша гирифтаанд.

Ба қавли ӯ, дар ноҳияҳои Исмоилӣ Сомонӣ 568 иншоот, Сино 1470, Шоҳмансур 634 ва ноҳияи Фирдавсии пойтахт 628 иншоот бояд бо гармӣ таъмин карда шаванд.

“Рафти иҷрои корҳо таҳти назорати роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои пойтахт ва Муассиса қарор дошта, ҳамарӯза дар ҷаласаҳои корӣ ва ситоди доимамалкунанда баррасӣ мегардад. Масъулони соҳа, баҳри иҷрои вазифаҳои дар назди соҳа гузошташуда ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани мавсими имсола кӯшиш доранд, то ки бо заҳмати худ хонаҳои мардумро гарму чароғон намоянд”-, навиштааст манбаъ аз қавли Шодмон Раҳмонзода, директори муассисаи шабакаи гармидиҳандаи Душанбе.

Теъдоди бештари биноҳо ба гармӣ таъмин мешаванд?

Ба иттилои манбаъ, “ҳамасола амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар ин самт ба он мусоидат намуд, ки теъдоди бинову иншооти ба шабакаҳои гармӣ пайвастшаванда афзоиш ёбад”.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар зимистон 3 ҳазору 200 иншоот ба гармӣ таъмин шудаанд ва омори имсола (3300) нисбат ба як соли пеш 100 иншоот бештар аст.

Дар баробари омодагӣ ба мавсими гармидиҳӣ, масъулони бахши энержӣ барои бе мушкил таъмин намудани аҳолӣ бо барқ низ омодагӣ мебинанд.

«Шабакаҳои тақсимоти барқ»- и Душанбе тариқи саҳифаи фейсбукияш борҳо хабар додааст, ки бо сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ барои тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон қувваи барқ дар бахше аз кӯчаҳои шаҳр муваққатан хомӯш мегардад.

Дигар минтақаҳо низ ба зимистон омода мешаванд

Берун аз пойтахт, дар дигар шаҳру навоҳии кишвар ҳам ҳукуматҳои маҳаллӣ бо пахши хабарҳои расмӣ аз омодагӣ ба зимистонгузаронӣ маълумот додаанд.

Дар ҳар як шаҳру ноҳия Ситод оид ба сари вақт омода намудани бахшҳои мухталиф ба зимистонгузаронӣ амал мекунад.

Ба иттилои расмӣ, дар ҷаласаҳои чунин ситодҳо масъалаҳои таъмини муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар иншооти иҷтимоӣ бо маводи сухт, аз ҷумла ангишт, ҳезум ва дигар намуди сӯзишворӣ, омодасозии шабакаҳои барқ, обрасонӣ, гармидиҳӣ, захираи маводи зарурии хӯрок ва вазъи роҳҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ҳарчанд мақомот аз омодагии беҳтар ба зимистонгузаронӣ хабар медиҳанд, вале айни ҳол маълум нест сардиҳои рӯзҳои оянда чӣ гуна сипарӣ хоҳанд шуд. Инро вақт нишон хоҳад дод.

Skip to toolbar