fbpx

Омода кардани маҳсулоти хӯрокворӣ бо стандартҳои байналмилалӣ

Ин иқдоми муҳим барои такмил додани усулҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон бо ташабусси Вазорати кишоварзӣ ташкил ёфтааст.


0
©GIZ

Иттиҳоди Аврупо дар доираи Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER тренинги омӯзишӣ оид ба таъмини интегратсионӣ барои деҳқонон бо стандартҳои Global GAP (Услуби хуби кишоварзӣ)-ро дастгирӣ намуд.

Ин иқдоми муҳим барои такмил додани усулҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон бо ташабусси Вазорати кишоварзӣ ташкил ёфтааст.

Омӯзиш ба деҳқонони маҳаллӣ ва корхонаҳои кишоварзӣ барои риоя кардани стандартҳои байналмилалии кишоварзӣ, инчунин роҳ ёфтан барои дастрасӣ ва воридшавӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ кӯмак хоҳад кард.

©GIZ

Стандартҳои Global GAP (фарзияи 6) талаботҳои нав, ки бо мақсади рушди амалҳои кишоварзии устувор, беҳтар кардани сифатнокии хӯрок ва боло бурдани сифати маҳсулот муаррифӣ менамоянд, таҳия гардидааст. Омӯзиши дарсдиҳандагони (дорандагони) ин фарзия барои Тоҷикистон муҳим аст, зеро тавассути ин маҳсулоти кишоварзии маҳаллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ шуда,   ҷиҳатҳои муҳими савдои содиротии кишварро афзун намояд.

Вазорати кишоварзӣ тамоми чораҳоро барои дастгирии омӯзиши интегратсионии фермерӣ роҳандозӣ мекунад, ки ин таҳаммули кӯшишҳо барои беҳтар кардани усулҳои истеҳсолот, зиёд кардани рақобатпазирӣ ва  фоида ба деҳқонон, инчуин коҳиш ёфтани рушди иқтисодиётро дар мамлакат тақвият мебахшад.

©GIZ

Намояндагони калидӣ аз ҳисоби кормандони бахшҳои гуногун, аз он ҷумла Вазорати кишоварзии ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мутахассисони кишоварзӣ аз ш.Хуҷанд, Лахш, Рашт ва Кушониён, барои иштирок дар ин барномаи омӯзишӣ ҷамъ омадаанд.

Тавассути Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER омӯзиши мазкур барои интиқоли донишҳо ва ташкили шабакаи мутахассисони ботаҷриба, ки татбиқи стандартҳои Global GAP -ро дар минтақаҳои худ татбиқ мекунанд, кӯмак хоҳад кард.

©GIZ

Дар ҳоле, ки Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки дар бозори ҷаҳонии кишоварзӣ мақоми рақобатӣ пайдо кунад, Вазорати кишоварзӣ ташаббускор ва ҷонибдори манфиатҳои мувофиқат кардан ба сифат, талабот ва рушди устувор мебошад.

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Шарофат Ашурова, тел.: (+992) 987270046, почтаи электронӣ: [email protected].


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend