fbpx

Омӯзгор – соҳибкор. Чӣ тавр як зан дар Турсунзода барои зинда нигоҳ доштани ҳунарҳои мардумӣ талош мекунад

Мавлуда Ҳаитова беш аз 7 сол аст, ки коргоҳи худро дорад ва ба беш аз 5 ҳазор нафар ҳунарҳои мардумиро омӯзонидааст.


6
6 points

Мавлуда Ҳаитова яке аз аввалин занҳо дар шаҳри Турсунзода аст, ки баъд аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо тиҷорати ҳунарҳои нафиси миллии қадимаи тоҷик машғул шудааст. Мавлуда то имрӯз ба ҳазорҳо занону духтарон тамоми ҳунарҳои дастиро омӯзонида онҳоро бо ҷои кор таъмин намудааст. Ӯ ҳоло директори филиали КВД “Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе” дар шаҳри Турсунзода аст.

Муаллифи Your.tj Нодира Собирзод ба коргоҳи Мавлуда Ҳаитова рафт то аз фаъолияти ин сани соҳибҳунару соҳибкор қисса кунад.

Ҳунарҳои чакандӯзию попуризанӣ то соли 2015 дар либосҳои занонаи шаҳри Турсунзода ба таври оммавӣ рушд накарда буд. Хоҳишмандон куртачаканро танҳо аз минтақаи Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он бо нархи гарон фармоиш медоданд. Мавлуда аввали корашро аз чакандӯзӣ ва попуризанӣ оғоз кард.

Сехи дарздӯзии худро “Олами чакан” номгузорӣ карда, кори сехро бо ду духтараш ба роҳ монд. Инчунин 21 нафар занони хонашинро ба кори сех ҷалб намуд. Ӯ бо гурӯҳи кории худ дӯхтани чаканро на танҳо бо мошин, балки дастдӯзиро низ ба роҳ монд.

Оилаи соҳибҳунар

Ба гуфтаи Мавлуда, модараш аз занони соҳибҳунар буд. Ӯ тамоми намуди дарздӯзиро медонист ва занони деҳот пеши хонаашонро гӯё охурча карда буданд. Ӯ аз кӯдакӣ ба корҳои дӯхтудӯзи модараш ёрӣ медод. Ҳангоме 16 сола буд, аллакай аз уҳдаи дӯхтани тамоми намуди либосҳо мебаромад. Махсусан ҳунарҳои гулдӯзӣ, зардӯзӣ, рӯймолчабофию ҷӯроббофиро хеле дӯст медошт.

“Модарам ба мо ҳама ҳунарро омӯзониданд, ки ман барои ин як умр аз он кас миннатдорам. Чун ман ба хонаводае арӯс шудам, ки онҳо низ дар фазои ҳунарҳои мардумӣ зиндагӣ мекарданд. Модаршӯям тоқидӯзи номии ноҳияи Ҳисор буданд ва ман ба онҳо ёрӣ медодам, чун алакай аз уҳдаи тоқидӯзӣ алакай мебаромадам”, – нақл мекунад, Мавлуда.

Тавре Мавлуда қисса мекунад, хушдоманаш бо дӯхтани тоқии чустӣ машғул буд. Ӯ ба Ҳӯқанду Намангон рафта, маҳсулотҳои аълосифатро харида меовард ва бо духтарону арӯсонаш дӯхта ба бозор мебаровард.

“Ҳар як арӯси хона буҷети алоҳидаи худро дошт, ки аз фоидаи тоқии фурӯхташуда ба даст меомад. Модаршӯям ҳақи кори ҳамаамонро медоданд, он кас раис буданду мо коргаронаш”, – бо табассум ба хотир меорад, Мавлуда.

Мавлуда, ки хатм кардаи риштаи омӯзгорӣ буд, тӯли 25 сол дар соҳаи маориф фаъолият кардааст, вале дар ин баробар ҳунарашро низ сайқал медод.  Рӯзона бо омӯзгорӣ, шабона бо дӯхтани фармоиши мизоҷон машғул мешуд ва ё ягон ҳунари нав меомӯхт.

“Дар умрам боре ба дӯзанда муроҷиат накардам. Хешовандонам низ то ҳол барои дӯхтани либосҳои арӯсию домодӣ ба ман муроҷиат мекунанд. Замоне, муаллима будам аз мактаб монда меомад, вале наметавонистам ба дӯхтан машғул нашавам, чун меҳри ҳунар дар рагу пайванди ман асту ба ман қувва мебахшад”, – ифтихормандона мегӯяд, Мавлуда.

“Олами чакан”

Чун Мавлуда ошиқи ҳунарҳои дастӣ буд,мехост ба дигарон ҳунарашро омӯзонад. Бо ҳамин мақсад ӯ соли 2015 фаъолияташро дар соҳаи маориф қатъ кард, гарчанде, ки ӯ директори мактаб буд.

“Солҳои пеш зиёд мешунидам, ки дар пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунарҳои мардумӣ  фаъолият мебаранд. Худ ба худ савол додам, ки чаро мо дар шаҳри худ чунин марказро ташкил накунем. Бо ҳамин фикр кори мактабро бас кардаму “Олами чакан” – ро кушодам”, – нақл мекунад, қаҳрамони мо.

Ӯ баъд аз пурсупосҳои зиёд фаҳмид, ки аллакай чунин марказ тибқи ҳуҷҷатҳо аз соли 2013 зери унвони филиали КВД “Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе” дар шаҳри Турсунзода, ба кор шуруъ кардааст, аммо фаъолияти ҷоннок надорад. Мавлуда ба идораҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат карда таклифҳои худро пешниҳод кард. Ҳадафҳои созандаи ӯ аз тарафи масъулин қабул гардида, дарҳол ба вазифаи директорӣ таъинаш карданд.

Мавлуда нахуст барои кушодани маркази мазкур аз буҷети чандинсолаи худаш истифода карда, биноеро аз ҳисоби худ ба иҷора гирифт ва дар ин баробар сехи дӯзандагии шахсии худро низ бо номи “Олами чакан” таъсис дода, ба гирифтани фармоиши куртаҳо, асосан чакан шурӯъ кард. Сех дар муддати кӯтоҳ мизоҷони зиёд пайдо намуд, зеро дар шаҳри Турсунзода камтарин дӯзандаҳо аз сирри дӯхтани гулҳои чакан огоҳ буданд.

Соли аввали роҳбарии ӯ фаъолияти маркази касбомӯзӣ чун пештара танҳо дар ҳуҷҷат монд, чунки муаммои иҷораи бинои таълимӣ пеш омада буд. Мебоист барои қабули касбомӯзон бинои алоҳидаю васеъро ба иҷора гирифта, шумораи мошинҳои дарздӯзиро зиёд намуд. Ғайр аз ин соҳиби бинои иҷоравии “Олами чакан” маблағи пардохти иҷораро ду ҳисса боло бардошта буд.

Бо ин раванд маълум буд, ки бизнеси навоғоз рӯ ба инқироз биёрад. Ӯ, ки зани корчаллон буд, ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат кард, ки дар натиҷа барои тариқи ройгон иҷора гирифтани бинои маркази таълимӣ ва мошинҳои дарздӯзӣ мусоидат намуданд. Ин боис гардид, ки дар баробари фаъолияти марказ Мавлуда бизнеси худро ривоҷу равнақ диҳад.

Соли 2016 қаҳрамони мо ҷиддан ба омӯзиши ҳунари атласу адрасу шоҳибофӣ шуруъ кард. Ӯ аз шаҳри Хуҷанд зани атласбофро бо номи Қумринисо Ваҳҳобова ба кор даъват кард ва дар муддати 3 моҳ нозукиҳои ин ҳунарро бо шогирдонаш аз худ намуданд. Ҳамон сол ба 60 нафар зану духтар ҳунари адрасбофиро омӯзониданд.

“Олами чакан” соли 2018 аллакай ҳамчун сехи дарздӯзии №1 дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ба ном бароварда буд.

Бӯҳрони иқтисодӣ

“Моҳи сентябри соли 2018 вақте Президенти мамлакат ҳамроҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд, ҳамагӣ 3 000 адад куртачаканро бо се ранг: сурху сафеду сабз ба матои лас дӯхтем. Дар ин либосҳо инъикоси яке аз муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатиро бо гулҳои миллии чакан бо тарзи дӯхти попури омехта кардем.

Мутаассифона маблағи пардохти 3 000 адад куртачаканро шуъбаи фарҳанги шаҳр, ки фармоишгар буд, дар вақти худ супорида натавонист, зеро мутасаддиёни муассисаҳои харидор то ҳол ба пуррагӣ маблағи либосҳоро аз кормандонашон ҷамъ накарда буданд”, – нақл мекунад, Мавлуда.

Тамоми корҳои сехи дӯзандагӣ ба қафо рафт. Коргарон муддати 3 моҳ бе маош монданд. Ҳар ҳафта ба назди фармоишгар барои гирифтани ҳаққи меҳнатҳояш мерафт, аммо бенатиҷа. Мавлуда ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат кард, то барои ситонидани маблағ кумак намояд. Кӯшишҳои ӯ бенатиҷа намонд. Бо дастури раиси шаҳр тамоми фармоишҳо харид карда шуда, маблағи фурӯш бо ҳар як дирамаш ба даст омад.

“Фикр карда будам, ки ҳамааш тамом шуд. Хушбахтона коргоҳамро дубора ба даст овардам. Худи ҳамон рӯз маоши ҳамаи коргаронро супоридам.”, – ёдовар мешавад ӯ.

Соли 2019 сехи дӯзандагии “Олами чакан” дубора рӯ ба буҳрони иқтисодӣ овард. Мавлудаи ҳамеша дар ҷараён хост, ки тамоми ҳунарҳои мардумиро дар шаҳр зинда кунад.

Аз ин лиҳоз моҳи декабри ҳамон сол ба ихтисоси гилембофӣ оғоз кард. Аз фоидаи ба даст омадаи сех, ба хариди дастгоҳу маҳсулоти гилембофӣ шуруъ кард. Риштаҳои баландсифати гилембофиро аз Хитой фармоиш дод. Бо коргаронаш дувоздаҳ намуд гилеми ҳаҷму дарозиаш 2x2 -ро ба андозаи 1 000 м бофтанд. Бофтанд аммо маҳсулот харидор пайдо накард. Ихтисоси гилембофӣ муддати 2 моҳ аз фаъолият бозмонд. Ба қавли Мавлуда, дастгоҳи гилембофиро чанг зер карда.

Ӯ рӯзе дар бинои марказии КВД “Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе” бо духтаре ба ном Дилноза шинос шуд, ки дар Сафоратхонаи Амрико ба ҳайси тарҷумон фаъолият мебарад. Ҳангоме ӯ аз ҳолати иқтисодии соҳибкорзан огоҳ шуд, пешниҳод кард, ки бо намунаҳои дастранҷи худ дар намоишгоҳи сафоратхона ширкат варзад. Дар намоишгоҳи мазкур намояндагон ҳамагӣ аз 6 шаҳру ноҳия: Турсунзода, Ваҳдат, Сино, Варзоб, Рӯдакӣ ва Сангвор иштирок карданд.

“Тавре мо мунтазир будем, хориҷиён махсусан ба гилемҳои мо таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карданд. Дар худи фестивал ҳамаи гилемҳо ва дигар намуди маҳсулотҳоямонро фурӯхтем. Боз чандтои дигар гилемҳои навро фармоиш доданд”, – хушҳолона мегӯяд Мавлуда.

Ба гуфтаи Мавлуда ӯ ҳар як адад гилемро 350 сомонӣ нархгузорӣ карда буд, вале хушбахтона амрикоиҳо ба ҳар яки гилемҳо ба андозаи 420 сомонӣ пардохт карданд.

Роҳбари кордон

Филиали КВД “Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе” дар шаҳри Турсунзода, зери назари қаҳрамони мо Мавлуда Ҳаитова дар доираи лоиҳаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занони оилаҳои камбизоат ва шахсони имконияташон маҳдуд курсҳои ройгонро ба роҳ мондааст. Ба иттилои Мавлуда, то ба имрӯз 1 383 нафар бо таълими ройгон фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи марказ шудаанд. Аз онҳо қариб 600 нафарашон аз пушти ҳунарҳои мардумӣ зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.

Мавлуда то ба имрӯз дар чандин озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, ҳеҷ гоҳ бидуни мақомҳои намоён барнагаштааст. Ба ҳар намоишгоҳе мерафт, маҳсулотҳоро бо диққат аз назар мегузаронид, ки кадом ҳунарҳои миллии ноҳияҳо то ҳол ҳифз гардидаанд, ки солҳост дар шаҳри мо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст.

Аз ин ҷост, ки бо ташаббуси Мавлуда дар маркази касбомӯзии давлатии шаҳр ихтисосҳои омӯзишии попурзанӣ, адрасбофӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гилембофӣ, зардӯзӣ, мӯҳрабофӣ, тоқидӯзӣ, сабатбофӣ ва дигарҳо ба роҳ монда шуд. Ӯ кӯшиш намуд бештар бо чизҳои қадимаи бозоргир сарукор гирифта, онҳоро бо услуби замонавӣ таҳия кунад.

Бо ташаббуси Мавлуда дар панҷ ҷамоати деҳоти шаҳр нуқтаҳои маркази ҳунаромӯзӣ кушода шуд, ки омӯзгорони касбиро барои кор ба таълимгоҳҳо равона кард. Ӯ мардонро низ аз курсҳои ройгон бенасиб накард. Соли 2018 ҷавонмарди 23 солаеро ба ҳайси омӯзгор ба кор гирифт, ки бо дӯхтани ҳамёну ҷузвдонҳои чармӣ машғул буд. Дар ихтисоси ҳамёндӯзӣ 43 нафар мардону ҷавонписаронро, ки маъюби гурӯҳи 2 ва 3 буданд, бо таълими ройгон фаро гирифт.

“Шуруъ аз корманди одӣ то ба вазифаи директор дар соҳаҳои мухталиф кор кардам. Хеле чизҳоро аз даст додам ва низ ба дастовардҳои зиёд ноил шудам. Ягона чизе ки касе аз ман гирифта натавонист ва наметавонад бигирад, ин ҳунари ман аст”, – бо боварии том иброз дошт, Мавлуда Ҳаитова.

Мавлуда Ҳаитова нақша дорад, ки дар оянда теъдоди ихтисосҳои омӯзиширо зиёд намуда, барои рушд додани ҳунарҳои миллии мардумӣ дар кишвар боз ҳам саҳмгузор бошад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

6
6 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
6
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
5
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend