Оё дар Тоҷикистон тиҷоратро рушд додан ва дар рэп пул кор кардан мумкин аст


Муассиси вебсайти Rap.tj Додихудо Абдураҳимов инро медонад ва ба Шумо нақл мекунад.  Аввалин подкаст бо забони тоҷикӣ.

Имрӯз дар меҳмонии мо асосгузори портали Rap.tj Додихудо Абдураҳимов мебошад. Номи ӯ барои ҳар як рэпери навкор ошност. Ба Додихудо ин кор акнун дигар машғулияти дӯстошта не, балки манбаи хуби даромад шудааст. Имрӯзҳо платформаи ӯ на танҳо ба худи муассис даромад меорад, балки ба репсароёни навкор имконият дода, онҳоро дастгирӣ мекунад. Аммо Додихудо инро ҳамчун тамғаи тиҷорати пеш бурдан намехоҳад. Ба ақидаи ӯ, Тоҷикистон ҳанӯз ба густариши тиҷорат дар ин самт омода нест.

Дар бораи чӣ хел рушд ёфтани платформа, бо кадом мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудани муассис ва чӣ гуна дастгирӣ намудани тим аз ҷониби Додихудро дар подкасти мо бишнавед.