Дар Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2023 қабули ҳуҷҷатҳо барои дохилшавӣ ба мактабҳои олии кишвар тариқи ММТ оғоз гардид. Аз 1-уми апрел бошад, даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ шурӯъ шуд.
Мувофиқи қонун “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ки соли 2021 қабул шуд, баъди хатми донишгоҳ ҳама бояд ба хизмати яксола ҷалб шаванд. Хатмкардагони кафедраҳои ҳарбӣ низ истисно нестанд.
Ҷавонписарон танҳо ҳангоми таҳсили зинаи бакалавр дар донишгоҳ ҳуқуқи ба таъхир гузоштани хизматро доранд. Дар зинаи магистрӣ аз ин ҳуқуқ маҳрум мешаванд.
Онҳое, ки намехоҳанд як ё ду сол (бе маълумоти олӣ) ба хизмати ҳарбӣ раванд, сафарбарии ҳарбии пулакии якмоҳа мавҷуд аст. Дар соли 2023 маблағи он ба 28 ҳазору 560 сомонӣ баробар аст.
Мо тасмим гирифтем, оид ба супоридани ҳуҷҷатҳо ба ММТ ва рафтан ба хизмати ҳарбӣ миёни хатмкунандаҳои мактабҳои шаҳри Душанбе пурсиш гузаронем. Фикрҳо гуногун буданд, вале, мутаассифона, на ҳамаи ҳамсуҳбатони мо барои наворгирӣ розӣ шуданд.