Мусодираи маводи мухаддир дар ноҳияи Панҷ
Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон кормандони милитсия 8 кило маводи нашъаоваррро дарёфт ва мусодира намуданд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар сокинони маҳаллӣ – Ғайрат Зоидови 36-сола ва Раҳмоналӣ Мавлонови 35-сола боздошт шудаанд.
“Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии Ғайрат Зоидов зиёда аз 7 кило маводи нашъаовари навъи “ҳашиш” ва аз дохили бағоҷи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс»-и Раҳмоналӣ Мавлонов 747 гр маводи психотропии навъи «метамфетамин» дарёфт ва мусодира карда шуд”, – хабар медиҳад ВКД.
Гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки гумонбарон пайваста ба хариду фурӯши маводи нашъаовар машғул буда, бо ин роҳ манфиат ба даст меоваранд.
Зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел бо моддаи 200, қисми 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва маводи психотропӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Дар ин модда то 5 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.
Қурбон Ҳакимзода вазири кишоварзӣ ва ба ҷойи ӯ Давлаталӣ Саид раиси вилояти Хатлон шуд
Қурбон Ҳакимзода, баъди чор сол имрӯз бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз курсии раиси вилояти Хатлон барканор шуд. Давлаталӣ Саид, собиқ муовини якуми сарвазири Тоҷикистон раиси вилоят таъйин гардид.
“Азия-Плюс” бо такя ба иттилои манбаъаш менависад, Қурбон Ҳакимзода вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Ҳоло маълум нест, ки Саъдӣ Каримзода, вазири кишоварзии ҳамакнун собиқ ба кадом вазифа таъйин шудааст.
Қурбон Ҳакимзода рӯзи 14 январи соли 2019 раиси вилояти Хатлон таъин шуда буд.
Давлаталӣ Саид беш аз 9 сол, аз моҳи ноябри соли 2013, дар вазифаи муовини якуми сарвазири Тоҷикистон кор карда, бахши иқтисодии ҳукуматро роҳбарӣ мекард.
Баҳриддин Сироҷиддинзода ба курсии раиси боздоштшудаи Агентии содироти Тоҷикистон
Баҳриддин Сироҷиддинзода, аз вазифаи муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон ба курсии раиси Агентии содироти Тоҷикистон нишаст.
Қаблан дар ин вазифа Шавкат Бобозода фаъолият дошт, ки моҳи сентябри соли 2022 аввал боздошт ва баъдан бо фармони президент аз мақом озод карда шуд.
Он замон Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишт, ки “Шавкат Бобозода боздошт шуда, зидди ӯ бар асоси банди 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парванда кушодаанд.
Шавкат Бобозода ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ нигоҳдорӣ шуда, парвандаашро муфаттишони Додситонии кул таҳқиқ мекунанд”.
То ҳол таҳқиқи парвандаи Шавкат Бобозода ниҳоӣ нашуда, аз ҷониби Додситони кулли кишвар идома дорад.
ВКД шаҳрвандонро аз ба охир расидани муҳлати аз нав бақайдгирии симкортҳо ёдрас мекунад
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар дар бораи ба наздикӣ ба охир расидани муҳлати сабти дубораи симкортҳо аз шиносномаҳои кӯҳна ба ID-шиносномаҳои намунаи соли 2014-ро ёдрас мекунад.
Тибқи қарори ҳукумати кишвар, муҳлати аз нав сабти ном кардани симкортҳо барои шаҳрвандони мамлакат 15 феврали соли 2023 ба охир мерасад.
Дар робита ба ин ВКД аз шаҳрвандоне, ки симкорташон барои шиносномаҳои намунаи соли 1996 сабти ном шудааст, хоҳиш мекунад, ки онҳоро ба ID-шиносномаҳои намунаи соли 2014 иваз кунанд.
Барои ин, тавре аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавзеҳ доданд, шаҳрвандонро зарур аст, ки ба хадамоти додани шиносномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар маҳал муроҷиат кунанд.
Шаҳрвандон барои иваз кардани шиносномаҳои кӯҳна бо шиносномаҳои нав бояд бо ҳуҷҷатҳои зерин ба шӯъбаи шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилии ҷои иқомат ва бақайдгирӣ муроҷиат кунанд:
- Шиносномаи намунаи соли 1996
- Рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА)
- Маълумот дар бораи гурӯҳи хун (ихтиёрӣ)
- Квитансияи пардохти 10 доллар бо пули миллӣ (иштирокчиёни ҶБВ, шахсони ба онҳо баробаршуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 аз пардохти маблағи зикршуда озоданд)
- Шаҳодатномаи бақайдгирӣ, ордери бинои истиқоматӣ ё иҷора
- Шаҳодатномаи ақди никоҳ ё талоқ
- Як дона сурати сиёҳу сафеди 3,5×4,5.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон бо як қарори вижа ширкатҳои мобилии кишварро муваззаф карда буд, ки то 15 августи ҳамон сол симкортҳои муштариёни худро аз шиносномаҳои коғазии намунаи соли 1996 ба кортҳои мушаххаси (ID-паспорт) намунаи соли 2014 аз нав сабти ном кунанд.
Пас аз тасвиби ин қарор ба раҳбарияти кишвар маълум шуд, ки иваз кардани шиносномаҳо ва илова бар ин, дубора сабти номи симкортҳо барои ҳама шаҳрвандон имконнопазир аст ва ин муддат то 15 феврали соли 2020 тамдид шудааст.
Сипас ин мӯҳлат чанд маротибаи дигар иваз ва бори охир то 15 феврали соли 2023 тамдид карда шуд.