Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо — Dushanbe Grand Slam 2025, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар маҷмуъ соҳиби 11 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) шуда, ҷойи аввалро миёни 27 кишвари иштирокдор ишғол намуд.
Дар рӯзи охири мусобиқа варзишгарони тоҷик 3 медал – як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.
Темур Раҳимов дар вазни +100 кг бар рақиби озарии худ Ҷамол Ғамзатхонов бо имтиёзи иппон ғалаба карда, қаҳрамони мусобиқа гардид. Ин дувумин медали тиллои ӯ дар мусобиқаҳои Гранд Слам аст.
Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг ба финал роҳ ёфта, аз Ҷаъфар Костоев, варзишгар аз АМА шикаст хӯрд ва соҳиби медали нуқра гардид.
Дар ҳамин вазн, Кароматулло Ҳакимов бо пирӯзӣ бар ҷудокор аз Британияи Кабир, Оливер Барратт медали биринҷӣ ба даст овард.
Ҳамагӣ 13 варзишгари тоҷик дар рӯзи охир ширкат варзида, танҳо се нафари онҳо – Темур, Ҷаҳонгир ва Кароматулло сазовори медал гардиданд.
Рӯйдоди таърихии мусобиқа медали биринҷии Мадина Қурбонзода буд. Ӯ аввалин бонуи ҷудокори тоҷик аст, ки дар мусобиқаи сатҳи Гранд Слам соҳиби медал мешавад. Мадина ҳамагӣ 17 сол дорад.
Қобили зикр аст, ки чунин дастоварди баланд барои Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Гранд Слам бори аввал ба қайд гирифта шуд.
Ҳамин тариқ, Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) соҳиби медалҳои тилло гардиданд.
Медалҳои нуқра насиби Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Обид Ҷебов (-66 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) гардид.
Медалҳои биринҷиро Мадина Қурбонзода (-52 кг), Ёсин Бобокалонов (-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг) ва Кароматулло Ҳакимов (-100 кг) ба даст оварданд.
Мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2025 бо ширкати 226 варзишгар аз 27 кишвари ҷаҳон доир гардид.
Дар умум, Тоҷикистон бо 11 медал – 4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ҷои аввалро миёни 27 кишвар ишғол намуд. Озарбойҷон бо 4 медал дар мақоми дуюм ва Фаронса бо 7 медал дар зинаи сеюм қарор гирифтанд.