Баҳриддин Камолиддинов яке аз поягузорони забоншиносии муосири тоҷик, махсусан, услубшиносӣ, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, зиёда аз 60 сол дар самти таҳқиқу омӯзиш ва омӯзонидани мутахассисони соҳаи забоншиносӣ ва журналистика саҳми бузург гузоштаанд. Инак, се сол мешавад, ки услубшиносии тоҷик ба қавле “ятим” мондааст. Баҳриддин Камолиддинов 13-уми майи соли 2020 дар синни 84 солагӣ дунёро тарк карданд.
Дӯстону шогирдон, ҳамкорон, пайвандон ва умуман, ҳар нафаре, ки устодро мешинохту ҳадди ақал як бор ҳамроҳи ӯ рӯ ба рӯ суҳбат кардааст, бо шунидани номи Камолиддинов аз қомати болову чеҳраи кушод, зиндадиливу табассуми самимӣ ва меҳрубониву гуфтори ширини устод ёд меорад.
Муҳофизи асили забони ноби тоҷикӣ
Ба қавли доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов устод Камолиддинов нақши бузурге дар сайқал додани забони гуфтугӯиву адабии тоҷикӣ доранд.
“Профессор Баҳриддин Камолиддинов, – афзуданд устод Усмонов, – пас аз Лутфулло Бузургзода дуюмин услубшиноси соҳаи забони Тоҷикистон буданд. Нақши он кас пеш аз ҳама дар сайқал додани забони гуфтугӯии тоҷикӣ, забони адабии тоҷикӣ муҳим аст. Муаллим бо таҳқиқи эҷодиёти Ҳаким Карим сухани зеборо барои муҳити адабии Тоҷикистон оварданд”.
Устод Камолиддинов нигоҳдоранда ва ҳифзкунандаи асили забони ноби тоҷикӣ буданд. Аз рӯйи хотираҳои дӯстон, худ ҳамеша бо лаҳни ширину шеваи тоҷикона сухан мегуфтанд ва инро ба дигарон низ тарғиб мекарданд. Ба гуфти устод Усмонов, сухани муаллим Камолиддинов муъҷазу таъсирнок ва диққатҷалбкунанда буд.
“Солҳое, ки мо ба донишгоҳ қабул шудем, муаллим дар кафедраи забони тоҷикӣ кор мекарданд. Маъмулан, донишҷӯёни ҳамон солҳо ва солҳои баъдина аз тарзи гуфтори муаллим Камолиддинов, аз тарзи таъсирашон ба аудитория бо ифтихор гап мезаданд, чунки кам муаллиме буд, ки бо ин шева ба забони тоҷикӣ сухан мегуфта бошад”, – ба хотир меоранд устод.
Ҷуръати Баҳриддин Камолиддинов барои мақоми забони тоҷикӣ
Солҳои 1992-1994 устод Камолиддинов вазифаи ҷонишини ректор оид ба таълимро ба зимма доштанд ва дар маҷлисҳои шӯрои илмии донишгоҳ раисӣ мекарданд. Тавре профессор Усмонов нақл мекунанд, аввалин бор маҷлиси шӯрои илмии донишгоҳ таҳти раисии устод Камолиддинов бо забони тоҷикӣ гузашта буд.
“То ин вақт шӯрои илмӣ ҳамеша бо забони русӣ буд. Тақрибан то соли 1992 аксарият бо русӣ гап мезаданд, маҷлисҳои шӯро ҳам бо русӣ мегузашт. Муаллим Камолиддинов онро тоҷикӣ карданд ва минбаъд ба шакли тоҷикӣ мерафтагӣ шуд”,– сафҳаҳои хотираи худро варақ зада, мегӯянд Иброҳим Усмонов.
Дарси гуфтори тоҷикӣ
Баҳриддин Камолиддинов дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ, махсусан дар соҳаи забон ва услубшиносии забон саҳми назаррас доранд. Ба қавли Иброҳим Усмонов, яке аз хизматҳои барҷастаи Камолиддинов дар солҳои охир, ин дарси забони тоҷикӣ ва гуфтори тоҷикии муаллим аз шабакаҳои телевизионӣ аст, ки оғози таҳия ва пешниҳоди барнома-дарсҳои устод маҳз бо супоришу хоҳиши сарвари давлат сурат гирифта буд.
“Як чиз аз ёдам намеравад, – мегӯянд профессор Усмонов, – намедонам, соли 2002 буд ё 2003, ки дар як суҳбат сардори давлат аз муаллим Камолиддинов ёдовар шуда, гуфтанд, ки одоби забону одоби гуфторро, одоби базеб гап заданро аз ҳамин одам бояд омӯхт. Ин фикри Раҳмонов буд дар бораи Камолиддинов ва ҳунари Камолиддинов ва ҳамин ҳунар, воқеан ҳамеша ба муаллим хос буд”, – илова карданд устод.
Воқеан, барномаи “Ҳусни баён”-и устод Камолиддинов тайи чанд соли охир тариқи телевизиони “Баҳористон” пахш мешуд ва миёни бинандагон маҳбубияти зиёд дошт.
Профессор Усмонов аз инсони суҳбаторову хушгуфтор будани устод Камолиддинов ёдовар шуда, қайд намуданд, ки маъмулан дар маҳфилу нишастҳо сухани асосӣ аз эшон буд. Ин ҷо устод яке аз нишастҳояшонро бо Баҳриддин Камолиддинов ва меҳмонони хориҷӣ ба хотир оварданд.
“Сухан аз Камолиддинов буд”
Боре забоншиноси гурҷистонӣ Ҷамшед Гаунашвили ва профессори амрикоӣ Ричард Фрай меҳмони Тоҷикистон шудаанд ва дар яке нишастҳо устодон Камолиддинов ва Усмонов низ иштирок доштаанд.
“Чун ҳар ду меҳмонон забоншинос буданд, бештар дар бораи нақши забони тоҷикӣ дар тамаддуни дунё ва хусусиятҳои хоси забони тоҷикӣ ҳарф мезаданд. Вале сухани асосӣ ин сухани муаллим Камолиддинов буд, ки ҳам Фрай ва ҳам Гаунашвили бо як шавқи том гӯш мекарданд, баҳс мекарданд. Аз гуфтаҳои муаллим Камолиддинов чӣ гуна будани баъзе маъниҳоро дарк карданд ва дар ин бора талошҳои илмӣ ҳам карданд… Агар суҳбат 2-3 соат давом карда бошад, гумон мекунам, ки бештари баҳси дар ин муҳит бударо муаллим Камолиддинов пеш мебурданд”,– нақл мекунанд устод.
Зарофатгӯй, чеҳрахандон, ҳамеша ҷавон, ҳамеша чаққон
Хоксориву меҳрубонӣ ва зарофатгӯйии устод Камолиддиновро ёдовар шуда, Усмонов зикр карданд, ки ҳамеша миёни шогирдон буданд, ҳамроҳи донишҷӯён газетаи деворӣ мебароварданд ва ибораи имрӯз маъмули “маҳфили зарифон” ё “маҳзар”-ро низ аввалин маротиба устод ҷорӣ карданд.
“Ҳамин хел як одами зиндадил, ҳамеша ҷавон, ҳамеша чаққон, ҳамеша хандон буданд. Маъмулан донишҷӯён аз муаллимон метарсанд. Лекин аз Камолиддинов наметарсиданд, Камолиддиновро ҳурмат мекарданд. Тарс дигар асту ҳурмат дигар.
Камолиддинов ба ҳеҷ кас сахт намерасиданд, агар танқид ҳам карданӣ бошанд, чунон танқид мекаранд, ки гумон мекардӣ навозиш ё насиҳат карда истода бошанд. Ҳамин хел як хусусият доштанд. Ба хиёлам суръати ҳаракаташон аз 60 км/соат кам нашуд, доим тир барин мерафтанд”, – бо ханда илова кардан устод Усмонов.
Меҳнатдӯсту тарбиятгар
Мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистика, профессор Мушаррафа Ҷӯраева аз айёми донишҷӯияшон ёдовар шуда, дар бораи устод Камолиддинов нақл карданд. Ба қавли муаллима Ҷӯраева, устод илова ба ҳама хислатҳои наҷибашон, инчунин инсони хушбину меҳнатдӯст ҳам буданд ва кӯшиш мекарданд, то шогирдонашонро низ дар ҳамин рӯҳия тарбия кунанд.
Муаллима ба меҳнатдӯстистию меҳнатпазирии устод бори аввал дар давраи донишҷӯӣ, шоҳид гардидаанд. Соли аввал онҳо, чор нафар дугонаҳои наздик, ки духтари устод Баҳриддин Камолиддинов – Нигина (равонаш шод бод) низ дар ин миёнашон буд, ҳамеша малӯл буданд.
Зеро қариб ки пахта чида наметавонистанд. Аз ин рӯ доим дар штаби комсомолӣ дар қатори дигар қафомондагон онҳоро низ муҳокима мекарданд. Дар соли дуюм роҳбари гурӯҳи онҳо устод Камолиддинов таъйин мешаванд.
“Устоди азизи мо, ки ҳама хислатҳояшон нотакроранд, аз рӯзи аввали пахтачинӣ либоси корӣ дар тан, дар пой мӯзаҳои соқашон баланд омодаи кор буданд. Сар-сари ҷӯякҳо зуд-зуд роҳ рафта, ба ҷӯяки яке аз моён даромада, босуръат ба пахтачинӣ сар мекарданд”, – ба хотир меоранд муаллима.
Дарси меҳнат аз устод Камолиддинов
Боре устод дар пахтачинӣ ба Мушаррафа Ҷӯраева кӯмак мекунанд. Муаллима кори устод Камолиддиновро мушоҳида карда, сабаби ақибмонии худро дар пахтачинӣ дарк карда, ҳамин тавр сирри ин ҳунарро барои худ боз мекунанд.
“Ба дастони бо меҳнат обутобёфтаи муаллим нигариста, акнун фаҳмидам, ки чаро мо пахта чида наметавонистаем. Мо донишҷӯёни шаҳрӣ пахтаро танҳо дар дорухона дида будем, аз ин рӯ соли аввал ҳар хоначаи онро боэҳтиёт холӣ карда, аз хасу хошок тоза карда, баъд ба пешдоман меандохтем.
Муаллим бо як хам шудан даста-даста пахта чида, ба пешдомани ман партофтан гирифтанд. Ана ҳамин ҷо асрори дигари ин ҳунар (воқеан, ҳунар!) бароям кашф шуд”,– нақл мекунанд муаллима.
Баъд аз ин онҳо низ дар пахтачинӣ муваффақ шуданд, мисли дигар пешқадамон дар як рӯз 45-50 килограмм пахта мечидагӣ шуданд ва хурсандияшон аз ин ҳадду канор надошт. Дидани табассуми қаноатмандонаи устод ҳангоми баркашидани пахтаҳо шодии духтаронро дучанд мекард.
“Ба шарофати муаллим, – мегӯянд профессор Ҷӯраева, – акнун мо на танҳо дар таҳсил аълохон будем, дар пахтачинӣ низ «аълочӣ» шудем. Ин эҳсоси гувороро бароямон Устод Камолиддинов Баҳриддин ҳадя карда буданд”.
“Ман дар ҳузури муаллими азизамон, дар маҳфилҳои ҳамкурсону ҳамкорон борҳо аз он рӯзҳо ёд кардаам. Барояшон аз замин то осмон ташаккур изҳор кардаам, ки дар радифи некиҳои зиёди дигарашон маҳорату малакаи пахтачиниро низ ба мо ёд дода, дар майдони корзор ҳам сабабгори сарбаландии мо гашта буданд”,– илова карданд Мушаррафа Ҷӯраева.
Падари ғамхор
Духтари калонии устод – Раҳима Камолиддинова аз даврони кӯдакӣ ёдовар шуда, чанд хотираашонро дар бораи устод нақл карданд. Баҳриддин Камолиддинов дар баробари олими дақиқкору омӯзгори донишманд буданашон, ҳамзамон падари ғамхору дӯстдор низ будаанд ва новобаста ба серкорӣ кӯшиш мекарданд, ки барои фарзандон ҳамеша вақт ёбанд.
“Замони кӯдакӣ, дар рӯзи таваллудам омадани падарамро хеле интизор мешудам. Азбаски мавлудам дар моҳи октябр аст, падарам ҳамеша дар ин вақт бо донишҷӯён дар пахтачинӣ буданд, аммо ба дур будани роҳ нигоҳ накарда, кӯшиш мекарданд, ки ҳатман барои табрикам биёянд”, – нақл мекунанд Раҳима Камолиддинова.
Яке аз хотираҳои фаромӯшнашаванда барои фарзандони устод ин сайругаштҳо дар табиат аст. Чӣ тавре ки ҳамсуҳбатамон нақл карданд, баҳорон, дар рӯзҳои истироҳат модарашон хӯрданиҳои бомаза пухта медоданду падарашон аҳли оиларо ба боғи Айнӣ ё Ғалаба барои истироҳату тамошо мебурданд. Аз ин сайругаштҳо Раҳима Камолиддинова ёддоштҳои зиёд доранд, ки рангинтаринаш вохӯрӣ бо ҳунарпешаи маъруф Маҳмудҷон Воҳидов аст.
“Дар яке аз ҳамин гуна рӯзҳо мо дар боғи ба номи устод Айнӣ Маҳмудҷон Воҳидовро вохӯрдем. Он кас бо падарам дуру дароз суҳбат карданд, ба мо ҳам ин вохӯрӣ хеле шавқовар буд. Ёд дорам, падарам гуфта буданд, ки Маҳмудҷон дар табиати зебову ором шеър аз ёд карданро хеле дӯст медоштааст”,– бо шавқ ба ёд меоранд духтари устод.
“Ман хушбахттарин инсон ҳастам, ки дар чунин оила калон шудаам ва Худованд барои мо чунин падару модари меҳрубонро ато намудааст”,– бо ифтихор илова мекунанд Раҳима Камолиддинова.
Барои поси хотир
Як сол қабл барои поси хотири устод Баҳриддин Камолиддинов дар зодгоҳашон – ноҳияи Ашт мактаб ва як хиёбоне ба номашон гузошта шуд.
Дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳоло ду маҳфили доимии “Меҳри сухан” ва “Фарҳанги муошират” вобаста ба мавзӯъҳои муҳими забон ва муошират амал мекунад.
Дар факултети мазкур синфхонаеро низ ба номи Баҳриддин Камолиддинов гузоштаанд, ки дар он китобҳо ва осори илмии олими забардаст гирдоварӣ шудааст.
Хотираи устод Баҳриддин Камолиддинов ҳамчун посдори забони поку беолоиши тоҷикӣ ва суханвари хушгуфтору хушрафтор ҳамешагӣ дар ёди дӯстдорон боқӣ мемонад.
Равонашон шод бод!
Меҳрангез Султонзода, Your.tj