fbpx

“Облава”. Футболбозро раҳо карда, хабарнигорро ба хизмат бурданд

Футболбозро пас аз тамрину хабарнигорро дар хиёбони марказӣ маҷбуран ба комиссариати ҳарбӣ бурданд.


0
Фото с сайта Азия-Плюс. Архив

Дар Тоҷикистон аз 1 – уми апрел даъват ба хизмати ҳарбӣ оғоз ёфт. Аз авввали мавсими “сарбозшикор” ё худ “облава” дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд навори базӯрӣ ба мошинҳо бор кардани ҷавононро нашр карданд. Дар миёни онҳо навари маҷбуран ба мошин савор кардани хабарнигори телевизиони Душанбе Шоҳрухи Исмоил ва хабари “облава” кардани футболбоз Шоҳрух Қирғизбоев, сару садоҳо ба бор овард.

Хабарнигори телевизионро рӯзи 12-уми апрел аз наздикии кинотеатри “Ватан” – и  Душанбе зӯран ба артиш бурдаанд. Маҷбуран ба мошин савор кардани Шоҳрухи Исмоилро нафаре ба навор гирифта дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст.

Дар навор дида мешавад,ки  се нафар либосҳои мулкӣ як ҷавонро базӯрӣ дар мошини ширкати “Рахш Такси” бор мекунанд. Ҷавон меқобилият нишон медиҳад ва “мардум” гуфта, дод мезанад, аммо ягон нафар аз атрофиён ба ӯ таваҷҷуҳ намекунанд ва ба додаш намерасанд.

Чанд нафар аз наздикони Шоҳрухи Исмоил ба комиссариати ҳарбӣ бурдани ӯро дар суҳбат бо Your.tj тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ӯро барои адои хидмати ҳарбӣ ба  Бадахшон фиристонанд.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯйи Вазорати мудофиа ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки мақомот чанд бор ба Шоҳрухи Исмоил даъватнома доданд, то ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад. Вале Шоҳрухи Исмоил ихтиёран ҳозир нашудааст ва баъдан номашро ба кормандони пулис доданд, то ӯро ба комиссариати ҳарбӣ биоранд.

Аммо пайвандони Шоҳрухи Исмоил ин суханро рад карданд ва гуфтанд, ки барои ҳозир шудани Шоҳрух  ҳеҷ даъватномае аз қисми ҳарбӣ ба дасташон нарасидаасту Шоҳрухро маҷбуран ва беогоҳӣ ба хизмат бурдаанд.

Шикори футболбоз

Рӯзи гузашта дар саҳифаи Инстаграми Goal.tj, ки хабарҳо аз футболу фотболбозони тоҷик паҳн мекунад, хабари ба қисми ҳарбӣ бурдани дарвозабони дастаи мутахабаи миллӣ Шоҳрух Қирғизбоев нашр шуд.

“Дарвозабони дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Шоҳрух Қирғизбоевро пас аз тамрин “облава” бурдааст”, – навиштааст, Goal.tj.

Корбарон ин амалро маҳкум карда, гуфтаанд, ки  Шоҳрух бе ин ҳам ба ватан хизмат карда истодааст.

Пас аз як соати ин хабар боз ин саҳифа хабар дод, ки Шоҳрухро дар комиссариати ҳарбӣ раҳо карданд ва ӯ фаъолияташро идома медиҳад.

Мақомот: “Облава” нест

Мақомот ҳамеша ба набудани “облава” таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, кормандони ВКД ҳуқуй доранд, онҳоро зӯран биёранд.

Соли гузашта низ кормандони вазорати мудофиа бо роҳи фиреб донишҷӯёни Донишгоҳи фарҳанг ва санъатро ба маҷлис даъват карданд ва аз он ҷо онҳоро ба микроавтобусе савор карда ба комиссариати ҳарбӣ бурда буданд. Ин ҳолатро низ сухангӯи Вазорати мудофиа рад карда буд ва гуфта буд, ки ҳар шахси низомипӯш кормандони вазорати дифоъ нестанд. Соли гузашта низ ӯ гуфта буд ки агар даъватшудагон бо хоҳиши худ ба комиссариат ҳозир нашаван онҳро кормандони милитсия маҷбуран мебаранд.

Сарбозшикор дар ҳоле идома дорад, ки рузи 11 апрел Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷро шудани 40%  нақшаи давъати ҳарбӣ дар кишвар хабар дода буд.

Малика Сафарзода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend