fbpx

Оби обанбори “Норак” чор метр паст, вале истеҳсоли барқ зиёд шудааст

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Обанбори Нораки Тоҷикистон чор метр паст шудааст

45 ҳолати ҷинояти коррупсионии мансабдорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Дар вилояти Суғд давоми соли 2022 аз ҷониби кормандони мақомоти зиддифасоди вилоят 45 ҷинояти коррупсионии кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоятро ба қайд гирифтаанд. Дар ин бора Шараф Аваззода, сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Коррупсия дар Тоҷикистон
Акс аз интернет

Ӯ гуфт, бештар аз ҳама дар шаҳри Хуҷанд ҷиноятҳои коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар умум 91 ҳолатро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 9 ҷиноятро масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд содир кардаанд. 12 ҷиноят аз тарафи кормандони маориф ва 9 ҷиноят аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин, ҷиноятҳои коррупсионӣ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бӯстон, Б. Ғафуров, Ашт ва Ҷ. Расулов низ афзудааст.

“Таҳлили субъектҳои ҷиноятро муайян кунем, муовини раиси шаҳру ноҳияҳо 1 нафар, собиқ роҳбари дастгоҳ 1 нафар, раис ва муовинони раиси ҷамоатҳо 7 нафар, директор, мудири шӯъба ва бахшҳои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатӣ 6 нафар, сармутахассис, муҳандис, заминсоз, сармуҳосиб, коргузор ва дигар кормандон дар маҷмӯъ 13 нафарро ташкил медиҳад”, – афзуд манбаъ.

Давоми соли 2022 аз тарафи кормандони мақомоти зиддифасоди вилоят 455 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор шудааст, ки аз ин 213 ададашро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳад.

“Дар объектҳои тафтишашон ба итмом расида, ба маблағи умумии 33,7 млн сомонӣ зарару камбудиҳои молиявӣ ошкор ва 99,8%-и он барқарор карда шудааст”, – афзуд Шараф Аваззода.

Зикр кардан ба маврид аст, ки чанде пештар директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода шаҳрҳои аз ҳама бештар ба коррупсия дастдоштаро номбар кард, ки дар он Хуҷанд бо 5,7 млн сомонӣ фасоди ошкоршуда мақоми дуюмро соҳиб шудаст.

Ҳамчунин, дар рӯйхати зикргардида ноҳияи Зафаробод (4,2 млн) ва шаҳри Конибодом (3,5 млн) низ ворид шудаанд.

Оби обанбори “Норак” чор метр паст, вале истеҳсоли барқ зиёд шудааст

Дилшод Асозода, раиси шаҳри Норак мегӯяд, сатҳи оби обанбори “Норак” чор метр поин шудааст. Зиёд шудани талабот дар давраи сардӣ ба он сабаб дониста мешавад.

“Нисбат ба соли гузашта чор метр паст аст. Ба сабаби он ки дар айёми сардӣ барқ доданд. Сарфи барқ ҳам зиёд шуду оби обанбор ҳам,” – гуфт раиси шаҳри Норак.

Обанбори Норак Тоҷикистон

Бо вуҷуди ин, масъулони нерӯгоҳи “Норак” мегӯянд, нисбат ба солҳои гузашта барқи бештар тавлид шуд.

Маҳмадамин Маҳмадсаидзода, сармуҳандиси “Норак” гуфт, “нерӯгоҳ дар соли гузашта зиёда аз 10 миллиард киловат соат барқ истеҳсол кард. Ин бештар аз сад дарсади нақшаро ташкил мекунад.”

Таҷдиди чархаҳои нерӯгоҳи барқи обии “Норак” чанд сол боз идома дорад.

Як чархаи нерӯгоҳро соли гузашта баъди бозсозӣ дигарбора ба кор дароварданд.

Дар шаҳри Норак нерӯгоҳи барқи обии “Бойғозӣ” низ фаъол аст. Он ҳам барқ тавлид мекунад.

31 сокини Суғд дар соли 2022 бо хориҷиён акди никоҳ бастаанд

Дар вилояти Суғд 31 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ё бешаҳрванд ақди никоҳ бастаанд. Аз ин шумора бо шаҳрвандони Федератсияи Русия, Ӯзбекистону Қирғизистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нисбатан зиёд аст.

Шаҳодатномаи ақди никоҳи шаҳрванди Тоҷикистон
Акс аз сомонаи DW

Дар ин бора сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд Меҳрубон Фармонзода иттилоъ дод. Гуфта мешавад, аз ин 16 никоҳ бо шаҳрвандони Ӯзбекистон, 4 бо шаҳрвандони Қирғизистон ва 3 никоҳ бо шаҳрвандони Чин ва бешаҳрванд аст. Ҳамчунин 2 ақди никоҳ бо шаҳрвандони Федератсияи Русия ва 1 ададӣ бо шаҳрвандони Украина, Қазоқистон ва Туркия ба қайд гирифта шудааст.

“Аввалин шарте, ки мо барои никоҳшавандагон бо шаҳрвандони хориҷӣ мегузорем, ин бастани аҳдномаи никоҳ мебошад. Боз барои таъмини амнияти хонадоршавандагон бояд шаҳрванди хориҷӣ на кам аз 1 сол дар Тоҷикистон зиндагонӣ карда бошад”,- иброз намуд Меҳрубон Фармонзода.

Бояд зикр кард, ки дар вилояти Суғд давоми соли 2022 – юм 107 ҳазору 588 адад сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шуда, 4 ҳазору 302 адад никоҳ бекор шудааст.

Марги 3 нафар ва ҷароҳати 213 нафар дар заминларзаи навбатӣ дар марзи Туркияву Сурия

Дар вилояти Хатой дар ҷанубу шарқи Туркия, дар наздикии марз бо Сурия заминларзаи шадиди навбатӣ рух дод, хабар медиҳад хабаргузории DW.

Ба иттилои манбаъ маркази сейсмологии Аврупову Баҳри Миёназамин (EMSC) шоми душанбеи 20-уми феврал хабар додааст, ки шиддати он 6,4 балл будааст.

Заминларзаи навбатӣ дар Туркия
Акс аз сомонаи aa.com.tr

Заминларза дар Лубнон, Сурия, Миср ва Исроил низ эҳсос шудааст.

Расонаҳои туркӣ аз қатъи пурраи барқ  дар вилояти Хатой хабар медиҳанд.

Сулаймон Сойлу, вазири умури дохилии Туркия гуфтааст, ки бар асари ин заминларза се нафар ба ҳалокат расида 213 нафари дигар захмӣ ва ба бемористонҳо мунтақил шудаанд.

Маркази заминларза дар наздикии шаҳри Самандаг дар соҳили баҳри Миёназамин воқеъ будааст.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар шаҳри Антакя дар ҷануби Туркия чанд бино осеб дидаанд, хабар медиҳад хабаргузории Reuters.

Бояд гуфт, ки имдодгарони Тоҷикистон дар вилояти Ҳатай ба корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот сафарбар шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки ду ҳафта пеш чандин заминларзаи харобиовари пай дар пай дар марзи Туркияву Сурия рух дод, ки дар натиҷа беш аз 46 ҳазор нафар дар ҳарду кишвар ба ҳалокат расиданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend