logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Обхезӣ дар Либия: То 7 ҳазор нафар бедарак шудаанд

Шумораи қурбониён метавонад аз ду ҳазор нафар бештар шавад.

Your tj

11:1612.09.2023

Обхезӣ дар Либия: То 7 ҳазор нафар бедарак шудаанд

Дар чанд шаҳри қисмати шарқи Либия, аз ҷумла Дерна ва Ал-Байда рӯзи якшанбеи 10-уми сентябр боришоти шадид ва тӯфони “Даниэл” обхезиро ба миён овард.

Ба ин далел дар минтақа фурудгоҳҳо ва бандарҳои баҳрӣ баста шуданд. Шаҳрҳои Сусс ва Дерна минтақаи офати табиӣ эълон карда шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, Шӯрои президентии Давлати Либия рӯзи душанбеи 11-уми сентябр минтақаи Киренаикаро минтақаи фалокат эълон кард ва хостори кӯмаки байналмилалӣ шуд.

“Бо дарки масъулият ва бо дарназардошти оқибатҳои вазнини офати табиӣ, мо ин минтақаи обхезиро минтақаи офат эълон карда, аз кишварҳои бародару дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ хоҳиш мекунем, ки ба манотиқи осебдида кӯмак расонанд”,- гуфта мешавад дар хабар.

Пештар намояндаи расмии Артиши Миллии Либия Аҳмад ал-Мисмарӣ гуфт, ки дар шаҳри Дерна, шарқи Либия то 7 ҳазор нафар бар асари обхезӣ нопадид шудаанд.

Дар навбати худ раиси ҳукумат Усома Ҳамад, ки порлумони Либия таъйин кардааст, гуфт: “Бар асари обхезӣ дар Дерна шумораи қурбониён метавонад аз ду ҳазор нафар бештар шавад”.

Вобаста ба ин дар Либия мотами серӯза эълон шудааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

3 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

7 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

10 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

10 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ