Тибқи арзёбии охирини экологӣ ва иҷтимоии НБО “Роғун” интизор меравад, ки охирин агрегати ин нерӯгоҳ соли 2029 ба истифода дода шавад.
Нозир Ёдгорӣ, як масъули дафтари матбуоти ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 11-уми декабр дар сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият” навиштааст, дар ин сол, бунёди обанбори Роғун низ пурра ба анҷом расида, соли 2036 то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур мегардад.
Ба гуфтаи ӯ, бо бунёди ин нерӯгоҳ ва обанбори он ҳар сол маҳсули фаъолияти силсиланерӯгоҳҳои дарёи Вахш – “Норак”, “Бойғозӣ”, “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, “Сарбанд”, “Марказӣ” ва “Шаршара” аз 0,7 то 1,1 миллиард кВт-соат меафзояд.
“Зуҳури “Роғун” умри нерӯгоҳҳои поёноб, бахусус Нерӯгоҳи барқи обии “Норак”-ро сад сол дароз менамояд. Баъди пурра ба кор даромадани НБО “Роғун” имконият пайдо мегардад, ки дар як сол аз дарёи Вахш зиёда аз 34 миллиард кВт- соат нерӯи барқ истеҳсол кард”,- мегӯяд Ёдгорӣ.
Ӯ меафзояд, агар нархи миёнаи ҳар кВт.соат аз рӯи ҳисоби миёнаи байналмилалӣ 6 сент баҳогузорӣ шавад, истеҳсолоти яксолаи НБО “Роғун” то 65-70 миллион доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.
“Ба кор андохтани НБО “Роғун” эҳтиёҷоти дохилии кишвари моро бо барқ пурра қонеъ ва истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, имконият фароҳам меорад, ки барқи зиёдатии мо ба хориҷа интиқол дода шуда, ба миқдори зиёди газ ва дигар намудҳои сӯзишворӣ дар давлатҳои ҳамсоя сарфа гардад”,- менависад ин масъули “Барқи тоҷик”.
Ба гуфтаи ӯ, “аз рӯи ҳисоби мутахассисон “Роғун” 115 сол хидмат хоҳад кард”.
“Лимит”, сарфаи барқ ва реҷаи маҳдудияти барқ
Қаблан Нозир Ёдгорӣ дар як матлаби дигараш дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” навишт, ки “аз “лимит” ҳангома насозед” ва сабабҳои “лимит”-и барқро шарҳ дода мардумро ба “сарфа”-и нерӯи барқ даъват кард.
Ӯ, ҳамчунин шартномаи фурӯши барқ ба Афғонистон, сохтмони нерӯгоҳҳо ва роҳҳои “истифодаи сарфакоронаи барқ”-ро шарҳ дод.
Ба гуфтаи Нозир Ёдгорӣ, аҳолӣ бояд дар замони маҳдудияти барқ дар хона ва корхонаҳои худ “маҳдудият”-и худиро ворид ва риоя намоянд.
Дар Тоҷикистон аз 22-юми сентябр маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шудааст. Ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, сабаби ин камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ аст. Сокинони баъзе манотиқи кишвар аз он шикоят доранд, ки реҷаи маҳдуди интиқоли барқ, ки аз ҷониби “Барқи тоҷик” муқаррар шудааст, на ҳамеша риоя мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз танзим шудани реҷаи таъмини аҳолӣ бо барқ хабар дод.
Масъулини ин ниҳод гуфтанд, ки “Шабакаҳои тақсимоти барқ” аллакай реҷаи интиқоли барқро ба танзим даровардааст ва мувофиқи он ба аҳолӣ дар як шабонарӯз бояд 10 соат: субҳ 3 соат (5:00 то 8:00) ва шом 7 соат (аз 16:00 то 23:00) барқ дода шавад.
Гуфта мешавад, ки ин реҷа доимӣ набуда, имкон дорад дар оянда боз ҳам каму зиёд шавад. Ҳамзамон имсол дар давраи лимит нерӯи барқ назар ба соли гузашта 3 соат зиёд дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, “Памир энерҷи” хабар дод, ки дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) низ имсол дар интиқоли барқ маҳдудият ё “лимит” ҷорӣ шуд. Ба фарқ аз дигар минтақаҳо дар фасли зимистон аҳолии ин вилоят бо барқи доимӣ таъмин буданд.
Сабаби ин “сард шудани ҳаво, яхбандии шадид ва паст шудани сатҳи об дар кули Яшикул, норасоии об ва ва афзоиши истеъмоли нерӯи барқ” будааст.